Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рибҳ ва рибо: Идомаи баҳс дар "Бозори Озодӣ"


Чанде қабл маҷаллаи "Бозори Озодӣ"и Родиёи Озодӣ дар як матлаб ба баҳси масъалаи низоми бонкдории исломӣ оғоз гузошт. Дар пайи нашри ин матлаб Муҳаммадрӯзӣ Шоев, корманди тоҷики Бонки Имороти Исломӣ дар Дубай ба мо нома зад ва дар робита ба мавзӯъ дидгоҳи худро баён дошт, ки ба назари мо ҳам хеле аҷиб омад ва нишастем пойи телефону шумораи Муҳаммадрӯзӣ Шоевро дар Дубай рӯи он чиндем. Муҳаммадрӯзӣ Шоев дар як сӯҳбати муфассал фарқҳои мавҷуд байни низомҳои бонки рибҳӣ ва рибавӣ, имтиёзоте, ки як бонки исломӣ ба муштариёнаш дода метавонад ва аҳамияти чунин низоми бонкдорӣ барои Тоҷикистонро тафсир мекунад.

Сӯҳбати муфассали Муҳаммадрӯзӣ Шоев дар зери рамзи родиёча аз паҳлуи сарлавҳаи ин матлаб қобили дарёфт ва шунидан аст.
XS
SM
MD
LG