Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико пешниҳоди Эронро рад кардааст


Амрико пешниҳоди Теҳронро, ки гуфтааст, дар сурати аз Шӯрои Амният (ША)-и СММ ба созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ баргардондани парвандаи ҳастаии Эрон ба нозирони СММ иҷозаи назорати ногаҳонии таъсисоти ҳастаияшро хоҳад дод, радд кард. Ассошиейтед Пресс аз қавли Блейн Рефмейер, сухангӯи Кохи Сафед навишт, ки изҳороти рӯзи шанбеи Эрон мавзеъгирии Вошингтонро тағйир надод ва Амрико ҳамчунон аз талошҳои ҳастаияш пас гаштани Эронро талаб дошта, ва қасд дорад, тавофуқи ША ҷиҳати иттихози иқдомоти шадидтар алайҳи Эронро ба даст биорад.

Дирӯз муовини раиси созмони ҳастаии Эрон Муҳаммади Саидӣ аломат дод, ки дар сурати аз ША пас гаштани парвандаи ҳастаияш Теҳрон назорати ногаҳонии кори таъсисоти ҳастаияшро ба нозирони байналмилалӣ иҷоза хоҳад дод.

Созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ, муассисаи вобаста ба СММ, рӯзи ҷумъа дар гузориши ба ША ирҷоъкардааш гуфт, Эрон аз тан дар додан ба тақозои ША дар бораи қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш сар печидааст. Дар пайи нашри ин гузориш, Амрико гуфт, акнун барои қабули қатъномае талош хоҳад кард, ки дар сурати сар печидани Теҳрон аз иҷрои тақозоҳои ША корбурди таҳримот ва ҳатто истифодаи нирӯи низомиро бар зиддаш мумкин гардонад.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дирӯз дар як гуфтугӯи телефонӣ ба ҳамтои эрониаш Манучеҳри Муттакӣ гуфтааст, Эрон бояд фаъолиятҳои ғанисозии ураниумашро қатъ карда ва бо созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ як ҳамкории комил ба роҳ андозад. Сергей Лавров дар ин сӯҳбат мукарраран гуфта, ки лозим аст, ки Эрон ба хотири таъмини эътимоди ҷаҳон бояд оҷилан даст ба иқдомоти мушаххас занад.
XS
SM
MD
LG