Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи миллии дав таъйин шуд


Анвар Бобоҷонов, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки узви кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Рӯзи дави миллӣ мебошад, ба Радиои Озодӣ гуфт, мувофиқи фармони Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ бо мақсади саҳм гузоштан дар баргузории чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ вобаста ба таҷлили 15-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли тамаддуни ориёӣ ва 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим дар саросари кишвар доир мешавад. Вай афзуд, тибқи фармони раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, дар Рӯзи дави миллӣ фаъолона ширкат варзида, ба ҷалби аҳолӣ барои ширкат дар чорабинии мазкур мусоидат кунанд.
XS
SM
MD
LG