Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 600 кушта - дар асари беш аз 11 000 амали террористии як соли охир


Вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши солонааш дар бораи терроризм 6 кишвар - Куба, Эрон, Либия, Куриёи Шимолӣ, Судон ва Сурияро маблағгузорони терроризм номид. Тартиби номи кишварҳо дар ин гузориш тибқи алифбои инглисӣ омадааст. Гуфта мешавад, Эрон дар пуштибонӣ аз терроризм фаъолтар аз дигарон боқӣ монда, Сипоҳи посдорони инқилоб ва вазоратҳои иттилооту амнияташ дар таҳияи аъмоли террористӣ мустақиман даст доранд.

Дар гузориш гуфта мешавад, дар як соли охир дар ҷаҳон беш аз 11 000 амали террористӣ сурат гирифта, 14 600 кушта ба ҷо гузоштааст. Ҳенри Крамптон, сафири Амрико дар умури мубориза бо терроризм гуфт, талошҳо бар зидди террор бояд барои дарозмуддат идома ёбанд: "Шумо мебинед, ки ин ҷанг гоҳо авҷ мегираду гоҳе фурӯ менишинад. Пирӯзӣ аз мо муддати тӯлониеро талаб мекунад. Шумо ин корро моҳ ба моҳ ё сол ба сол тарҳрезӣ карда наметавонед. Ин як фурсати бештареро дар бар хоҳад гирифт."

Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, дар пайи боздошт ва ё кушта шудани бисёре аз чеҳраҳои калидиии шабакаи ал-Қоида раҳбаронаш тавони назорати кори ин шабакаи террористиро хеле аз даст додаанд, аммо ин созмон ҳамчунон хатарзотарин шабакаи террористии ҷаҳон шинохта мешавад. Дар ҳамин ҳол, Аймон Завоҳирӣ, раҳбари дуввуми ал-Қоида дар як навори видиёӣ, ки дар Интернет нашр шуд, гуфтааст, ки чирикиҳо тайи 3 сол дар Ироқ 800 ҳамлаи интиҳорӣ анҷом дода, камари Амрикоро шикастанд. Завоҳирӣ гуфта, ки Амрикову Бритониё ва муттаҳидони онҳо дар Ироқ чизи дигаре ба ғайри шикасту офат ва нокомӣ нахоҳанд дид.
XS
SM
MD
LG