Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳкумияти чаҳор нафар бо айбномаи узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир


Додгоҳи шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон чаҳор нафарро бо ҷурми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи "Ҳизб-Ут-Таҳрир" ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Ин чаҳор нафар ба гуфтаи додгоҳ аз панҷ то ба даҳ соли зиндон маҳкум шудаанд.
Додситонии Тоҷикистон ин маҳкуминро бо чанд банди Қонуни Ҷиноии кишвар муттаҳам мекард, аз ҷумла даъват барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ, барангехтани низоъҳои мазҳабиву милливу нажодӣ ва узвият дар гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ. "Ҳизб-Ут-Таҳрир" як созмони ифротии мазҳабист, ки мегӯяд, қасд дорад, дар қаламрави Осиёи Марказӣ хилофати исломӣ бунёд кунад.
Тамоми кишварҳои минтақа фаъолияти ин созмонро дар ҳудудҳои хеш мамнӯъ эълон кардаанд. Ба гуфтаи додгоҳи Хуҷанд, тайи соли равон бори чаҳорум аст, ки дар вилояти Суғд афроди муттаҳам ба узвият дар "Ҳизб-Ут-Таҳрир" маҳкум ба зиндон мешаванд.
XS
SM
MD
LG