Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойҳои кории беталабгор дар Тоҷикистон


Дар намоишгоҳ ҳудуди 2 ҳазор корҷӯ ва раҳбарони беш аз 60 корхонаву муассисаҳои мухталифи ниёзманд ба нерӯи корӣ ширкат намуданд. Ба гуфтаи намояндагони хадамоти кор ва шуғли аҳолии Душанбе, бахши аъзами корҷӯён, талабгори корҳои оддии муввақатӣ буданд, ки ба ивази он маоши ночиз дода мешавад. Аммо барои корҳое, ки донишу ихтисосро тақозо мекунанд, аз қабили мутахассиси барномасоз дар компютер ва Интернет, муҳандисони сохтмон, барқ, газ ва обу коррез, талабгорон камтар ба чашм мерасанд. Ин дар ҳолест, ки музди кор дар чунин ҷойҳои корӣ аз 100 то 1000 сомониро дар моҳ, ташкил мекунад.

Рустам Шукуров, мудири маркази шуғли аҳолии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, гуфт, ҳарчанд аз ҷониби хадамоти шуғли аҳолӣ ҳамасола ҷавонони зиёдро барои омӯхтани ихтисосҳои замонавӣ ва барои рушди иқтисодии кишвар зарурӣ мефиристанд, аммо ҳанӯз мутахасисони соҳибкасб оид ба фанновариҳои муосир дар корхонаву муасисаҳо намерасанд: "Масалан дар ҳамин ҷо як коре буд, ки барои мутахассиси компютер 1000 сомонӣ маош медиҳад, аммо чунин мутахассис дар мо хеле кам аст."

Яке аз корҷӯён, ки худро Гулизор Қурбонова муаррифӣ кард, гуфт, мехоҳад, коре пайдо кунад, ки маошаш аз 100 доллар боло бошад, аммо итминон надорад, ки бо сатҳи дониш ва малакае, ки дорад, чунин ҷойи кор пайдо карда тавонад:
"Ман компютерро омӯхтам, аммо ба таври кофӣ не. Барои ҳамин ҳам наметавонам, дар чунин ҷой кор кунам."

Дар ҳамин ҳол, Зокир Вазиров, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, феълан дар кишвар ҳазорон ҷойи кор вуҷуд дорад, аммо ихтисосмандоне, ки ба талаботи чунин ҷойҳои корӣ ҷавобгӯ бошанд, дар Тоҷикистон ангуштшумор мебошанд: "Мо ҷойҳои коре ки маоши хеле баланд доранд,зиёд дорем, аммо корҷӯе ки ин корҳоро соҳиб шавад, надорем."

Аммо Маҳмадалӣ Ҷабборов - мудири маркази давлатии кор ва шуғли аҳолии шаҳри Душанбе мегӯяд, танҳо дар ду моҳи ахир бо мусоидати маркази мазбур, беш аз 60 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба, муҳандисони соҳоти сохтмону кишоварзӣ ва ронандаи мошинҳои пуриқтидорро ба чанд шаҳру вилоёти Русия фиристодаанд:

"Ҳоло боз бо вилояти Пенза ва Свердловск гуфтушунид кардем ва бояд ба наздикӣ ба ин шаҳрҳо ҳудуди 1000 мутахассис фиристем."

Коршиносон бар ин назаранд, ки сабаби аслии чунин тамоюл дар кишвар, шароити номусоиди иҷтимоӣ, сатҳи пасти иқтисодӣ ва маоши нокифоя дар корхонаҳову муассисаҳо будааст.

Нуралӣ Давлатов, коршиноси мустақил: "Ба назари ман, ҳатто 1000 сомонӣ ҳам наметавонад, ба дарди мардуми мо бихӯрад. Барои ҳамин ҳам бисёри мардум дар дохили кишвар созмонҳои хориҷиро ва ё муҳоҷиратро ба кишварҳои хориҷӣ,интихоб мекунанд."

Тибқи омори вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, феълан дар сартосари кишвар, ҳудуди 100 000 ҷойи кори холӣ, вуҷуд дорад. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола тибқи омори расмӣ, ҳудуди ним миллион ва бино ба омори ғайрирасмӣ, наздики 1 миллион нафар барои пайдо кардани кор ба хориҷ мераванд, ки тақрибан 30 дар сади эшон мутахассисони ботаҷриба мебошанд.
XS
SM
MD
LG