Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи баҳси бадарозокашидаи Роғун


Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи Тоҷик» рӯзи ҷумъаи 28 апрел дар ҷамъи хабарнигорон эълом дошт, ки дар мавриди баландӣ ва таркиби сарбанди нирӯгоҳи барқи обии Роғун бо ширкати "Русал"- и Русия ба тавофуқ нарасидаанд ва дар зимн пешниҳоди ширкати олмонии тарҳрези Ламайери Олмонро низ напазируфтанд.
Оқои Самиев афзуд, тасмим аст, тарҳи сарбанди нирӯгоҳи барқи обии Роғун то интиҳои моҳи июни соли ҷорӣ омода ва бунёди он шурӯъ шавад.
Ва дар ҳамин ҳол, ширкати "Барқи Тоҷик" аз тавофуқи дигар бо Русия иттилоъ дод, ки бар асоси он фасли тобистон нерӯи барқи Тоҷикистон ба ҷануби Русия интиқол дода хоҳад шуд. Алексей Силантев, муовини раиси ширкати "Барқи Тоҷик" гуфт, ҷиҳати интиқоли барқ ба Русия намояндагони Тоҷикистон рӯзи 25 апрел дар Бишкек бо ҳамтоёни қазоқ, қирғиз ва ӯзбаки худ як мулоқот анҷом доданд:
Дар ин мулоқот тарҳи санади байнидавлатӣ омода шуд, ки аз сӯи се кишвари Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон имзо шуд. Намояндагони Ӯзбакистон ҷиҳати имзо гузоштан ба ин тарҳи санад, танаффус хост, то аз раҳбарияти ҳукумати худ дар ин маврид иҷоза бигиранд. Аз ин рӯ мо ниҳоӣ шудани ин санадро интизорем ва бовар дорем, ин созишнома дар мӯҳлати наздиктарин аз сӯи ин кишварҳо пазируфта мешавад ва масъалаи интиқоли барқи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ҳалли худро пайдо мекунад.
Бар асоси иттилои масъулони ширкати "Барқи Тоҷик", Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ аз хориҷ бештар аз миллиард киловатт соат барқ харидорӣ карда ва танҳо ба Афғонистон дар ин муддат 13 миллион киловатт соат барқ содир кардааст. Ба гуфтаи Шарифхон Самиев, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ "Барқи Тоҷик" бештар аз се миллиард киловатт соат барқ тавлид кардааст. Ин дар ҳолест, ки афзуд ӯ қарзи корхонаву муассисот ва сокинони кишвар аз ҳаққи истифодаи нирӯи барқ дар назди ин ширкат бештар аз 170 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG