Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вахш" ба Малайзия меравад


Дуввумин давраи мусобиқот барои дарёфти Ҷоми раиси AFC - Конфедератсиони футболи Осиё» бо ширкати ҳашт бошгоҳи футболи кишварҳои «зуҳурёфта» дар Малайзия баргузор мешавад. Макони баргузории ин мусобиқот бинобар авзои ногузир аз пойтахти Кампучия - Пномпен ба шаҳри Кучинги иёлати Сараваки Малайзия интиқол дода шуд.

Мувофиқи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои «Мананг Маршиангди Клаб»-и Непал, «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон ва СК «Ратнам»-и Шри-Ланка рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «А» тимҳои «Покистон Арми»-и Покистон, «Кхемара»-и Камбоҷа, «Транспорт Юнайтед»-и Бутан ва «Татунг»-и Тайван дохил шудаанд.

Марҳилаи муқаддамотӣ аз 10 то 15 май дар варзишгоҳҳои «Саравак» ва «Негери» барпо мешавад. Чаҳор дастаи беҳтарини ҳарду гурӯҳ дар бозиҳои нимниҳоӣ, ки 17 ва 18 май сурат мегиранд, ширкат мекунанд. Бозии ниҳоӣ 21 май баргузор мегардад. Дастаи ғолиб бо Ҷоми раиси AFC ва 50 ҳазор доллар сарфароз хоҳад шуд. Ба дастае, ки ба финал мебарояд, 25 ҳазор доллар супурда мешавад. Ҳамчунин барои омодагӣ ҳар як дастаи ширкаткунандаи мусобиқот боз 15 ҳазор доллар мегирад.

Ва як хабари дигар. Тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ дар риштаи ҷанги тан ба тан дар шаҳри Нуқӯси Узбакистон ҳафт медал ба даст овард. Бино ба иттилоъи Уткур Тӯраев, раиси Федератсиони ҷанги тан ба тани Тоҷикистон дар ин мусобиқот, ки бо ширкати варзишгарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор шуд, дастаи Тоҷикистон мақоми дуввумро касб кард. Дар рақобатҳои инфиродӣ Рустам Бодоров дар вазни то 55 кило ва Арсен Арзуманян дар вазни то 85 кило мақоми аввалро ишғол карданд. Дар рақобатҳо байни наврасон Муҳаммад Маҳмудов ҷойи дуввум, Саидҷони Убайдуллоҳ, Муҳаммадҷон Давронзода ва Бахтиёр Тиллоев ҷойи севвумро соҳиб шуданд.
XS
SM
MD
LG