Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тааҳҳуди дигарбораи NATO ба Афғонистон


Паймони Атлантики Шимолӣ (NATO) имрӯз дигарбора омодагии худро барои тавсиаи фаъолиятҳои таъмини субот дар Афғонистон, ки хушунат дар он дар ҳоли афзоиш аст, эълом кард.
NATO қасд дорад, шумораи нерӯҳояшро дар Афғонистон то моҳи июл то 17 ҳазор нафар афзоиш диҳад ва ҳамин гуна ба Иёлоти Муттаҳида кӯмак намояд, то он ҳузури сарбозонашро дар ҷануби пурхатари Афғонистон кам кунад. Ин масъала дар нишасти дурӯзаи вазирони кишварҳои узви Паймони Атлантики Шимолӣ дар шаҳри София баррасӣ мешавад.
Сухангӯи NATO Ҷеймс Аппасурай гуфт, кишварҳои узв дар робита ба тавсиаи фаъолияти созмон дар Афғонистон азми қотеъ доранд. Яаап Де Ҳоп Скеффер - дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ - рӯзи панҷшанбе доир ба нақши ин паймон дар Афғонистон гуфт: "Паймони NATO дар шароити пуртаниши Афғонистон ба зудӣ бештар аз 15 ҳазор сарбози худро ҷо ба ҷо хоҳад кард. Ва ин нишондиҳандаи тааҳуди NATO дар баробари Афғонистон аст."
XS
SM
MD
LG