Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон


Имрӯз, 28 апрел, дар сарҳади Тоҷикистону Узбакистон, дар ноҳияи Турсунзода, 70 километрии шаҳри Душанбе як гузаргоҳи ҷадиди марзӣ расман ифтитоҳ ёфт. Гузаргоҳи мазкур, ки бо мадади ҳукумати Амрико ва Созмони ҷаҳонии муҳоҷират бунёд гардида ва таъмир дида буд, дар моҳи январи соли ҳолӣ боз шуда буд. Хабар ҳокӣ аз он аст, ки ин гузаргоҳ бо фанновариҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда ва маҷмаъаи калони иборат аз биноҳои корӣ ва истиқоматӣ мебошад. Барои бунёди ин гузаргоҳ Амрико беш аз 200.000 доллар тахсис дода буд. Тоҷикистон бо Узбакистон ҳудуди яку ним ҳазор километр марзи муштарак дорад ва дар ин тӯл 12 гузаргоҳи марзӣ фаъолият мекунад. Лоиҳаи бунёди гузаргоҳҳо дар марзҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ду сол қабл тарҳрезӣ шуда буд ва тасмим аст, дар чанд минтақаи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон низ чунин гузаргоҳҳо сохта бишаванд.
XS
SM
MD
LG