Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналист чӣ ҳуқуқ дорад?


Умрилло Маликов, ҳуқуқшиноси созмони «Интернюс Тоҷикистон» ва муаллифи китоби мазбур мегӯяд, дар асар маъмултарин ҳуқуқи журналистони тоҷик гирдоварӣ шудаанд:

«Он чизе, ки қонунгузории Тоҷикистон барои журналистон имконият додааст, он вазифаҳое, ки барои журналистон гузоштааст, мо ҳаминро нисбатан сабук карда, бо иқтибосҳо аз таҷрибаҳои дигар давлатҳо ҷамъоварӣ карда, кӯшиш кардем, ки онро ба маълумоти журналист расонем, ки доираи ҳуқуқи вай аз ҳамин чанд банд иборат аст ».

Китоби мазбур мураттаб аст аз бобҳои «Журналист ҳамчун корманд», «Ба вуҷуд омадани ҳамкории журналист ва ташкилоти ВАО дар асоси шартномаи меҳнатӣ» «Мафҳуми иттилоот ва асар», «Ҳуқуқи амволӣ ва ғайриамволии муаллиф», «Ҳуқуқи муаллифии журналист вобаста ба интервю» , «Мафҳуми воситаи ахбори омма», «Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои журналист» ва боқӣ.

Ҳамакнун журналистони тоҷик метавонанд аз китоби мазбур дар мавриди ҳуқуқи журналист барои дарёфти хабар, ҳамсӯҳбат шудан бо шахсони мансабдор, истифода аз техникаи аудиовизуалӣ, ҳузур доштан дар мавзеъоти офати табиӣ, муроҷиат ба мутахассисин барои санҷиши далел, даст кашидан аз ибрози мақолоте, ки хилофи эътиқоди журналист аст, бозгирифтани имзо аз зери хабаре, ки мазмуни он таҳриф шудааст ва масъулияти журналист дар мавриди саҳеҳияти хабар, зикри сарчашмаи иттилоъотӣ, рад кардани супориши сармуҳаррир, эҳтиром аз ҳуқуқ ва манфиати ташкилотҳо иттилоъоти бештаре пайдо кунанд.

Ҳамзамон «Ҳолати ҳуқуқии журналист» дастурамали хубе барои бастани шартномаҳои корӣ бо расонаҳои ватаниву хориҷӣ бар тибқи қонунгузории Тоҷикистон арзёбӣ шудааст. Аз сӯи дигар, тамомии ҳуқуқ ва масъулияти журналист дар китоби мазбур бо истинод ба Сарқонун, Кодекси ҷиноӣ, Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар ВАО» таҳким ёфтаанд.

Ва аммо бар тибқи иттилоъи худи журналистон нашри китобу дастурҳои ҳуқуқӣ ба дарди онҳо намехӯрад. Раҷаби Мирзо - сардабири рӯзномаи «Рӯзи Нав» мегӯяд:

«Ман фикр мекунам, ки ин китобҳо рӯи сафҳа боқӣ мемонанд ва ба истилоҳ дар қатори дастовардҳои Тоҷикистон дохил мешаванд ва мояи ифтихори ҳукуматдорон мешаванд, ки «Мо фалону фалон чизҳоро дорем». Вале дар асл, ба таври реалӣ ҳеч чиз надорем ва ин касеро ба ташвиш намеорад»

Сарпарасти молии нашри китоби «Ҳолати ҳуқуқии журналист» Институти ҷомеъаи кушода, Бунёди Сорос дар Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG