Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунгоҳи зиддимонополӣ тарҳи маркази ягонаи мухобиротиро ғайриқонунӣ шуморид


Бунгоҳи зиддимонополӣ ва мусоъадат ба соҳибкории Тоҷикистон мегӯяд, тарҳи давлат дар таъсиси Маркази ягонаи мухобиротӣ хилофи қонунҳои мавҷудаи кишвар аст. Ноиби мудири бунгоҳ Амонулло Ашӯров гуфт, ташкили чунин марказ танҳо ба манфиати вазири мухобироти кишвар буда, рақобатро дар бозори дурпайвандӣ ва ё телекоммуникатсионии Тоҷикистон аз байн мебарад. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир дар ин бозор як мувозанате падид омадааст, ки ба рушди соҳаи мухобирот дар кишвар ва ба манфиати муштарӣ амал мекунад. Дар ҳоли ташкили марказе, ки Вазорати мухобироти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, хадамоти соҳа мутамарказ шуда, ба монополия табдил меёбад ва дар натиҷа кайфияти хадамот коҳиш ёфта, нархи он боло хоҳад рафт. Ҷаноби Ашӯров хабар дод, ки барои баррасии масъала як кумисюни давлатӣ таъсис ёфт, ки вазири мухобирот низ узви он аст. Ҳамаи аъзои ин ҳайъат бар зидди ташкили чунин марказ рой доданд, ба истиснои вазири алоқа Саид Зувайдов. Аввали сол вазир Зувайдов таъсиси маркази воҳиди мухобиротиро пешниҳод кард, аммо ин тарҳ аз тарафи ширкатҳои телефони ҳамроҳ ва чеҳраҳои саршиноси ҷомеа мавриди танқид қарор доштааст.
XS
SM
MD
LG