Пайвандҳои дастрасӣ

WB, Тоҷикистон ва зукоми мурғӣ


Бонки ҷаҳонӣ (World Bank - WB) эълом доштааст ҷиҳати мубориза бо бемории зукоми мурғӣ барои Тоҷикистон 5 миллион доллари амрикоӣ ихтисос медиҳад.Ин матлаб ба дунболи боздиди ахири як ҳайъати эъзомии ин бонк ба шумули коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Сандуқи байналмилалии атфоли СММ аз Тоҷикистон эълом шудааст. Зиёвуддин Афғонов муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт тавофуқи ироаи кӯмаки молӣ ба Тоҷикистон пас аз мулоқоти ин ҳайат бо мақомоти Вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳосил шудааст.Бар пояи ин тавофуқ афзуд, Зиёвуддин Афғонов маблағи мавриди назар ба сурати кӯмаки билоиваз дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон қарор мегирад. Ба гуфтаи ҷаноби Афғонов кӯмаки мазкур, ки ҳадаф аз он пешгирӣ аз сирояти эҳтимолии бемории зукоми мурғ дар Тоҷикистон аст,миёни вазоратҳои беҳдошту кишоварзӣ ва соир хадамоти марбути Тоҷикистон тавзеъ мешавад.
Бар асоси омори вазорати беҳдошти Тоҷикистон то кунун дар ин кишвар ҳеҷ гуна мавориди ошкоршавии сирояти бемории зукоми мурғӣ ба мушоҳида нарасидааст.
XS
SM
MD
LG