Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро пахтакорон миллионҳо доллар қарздоранд?


иқтисодшинос Сармоягузорон таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёиро ба деҳқонон то даҳ баробар гаронтар мефурӯшанд. Деҳқон пул надорад, аммо розист бо умеди ҳосили оянда, ҳама чиро ба ҳисоби қарз харидорӣ кунад.

Дар Тоҷикистон қарзи хоҷагиҳои пахтакор то рафт зиёд мешавад. Чунончи, дар 6 соли ахир ин вом 3,5 баробар зиёд шуда, дар оғози имсол ба 280 млн доллар расидааст. Дар кишвар дар майдони қариб 290 ҳазор га пахта кишт мешавад. Ба ҷои он ки пахтакорон аз ҳар гектар камаш 1000 доллар даромади соф ба даст оранд, ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар қариб ҳазор доллар қарздор шудаанд. Дар бисёр ноҳияҳо ҳатто хеле бештар аз ин. Масалан, қарзи яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Масчоҳ ба 10 ҳазор доллар расидааст.

Ба гуфтаи кормандони Вазорати кишоварзӣ, сабабҳои асосии афзоиши қарзи пахтакорон инҳо будаанд:

-- Пойин омадани нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ таи солҳои ахир, ба вижа дар соли 2001.
-- Боло рафтани нархи маводи сӯхт, нуриҳои минералӣ ва дигар маводи мавриди зарурати парвариши пахта.
-- Риоят накардани муқаррарот аз ҷониби сармоягузорон ва озмандию худсарии онҳо дар муомила бо хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла ба қиматҳои гарон ба кишоварзон фурӯхтани маводи кимёӣ, таҷҳизот ва маводи сӯхт ва сари вақт нарасондани онҳо, хеле арзон харидани пахтаи хом аз кишоварзон ва хело дер пардохтани ҳаққи деҳқонон.
-- Нобасомониҳо ва худсарию хилофкориҳо дар истифодаи манобеъи молӣ ва ба мақсадҳои дигар сарф кардани маблағҳои барои парвариши пахта тахсис ёфта.
-- Риоят накардани технологияи парвариши пахта аз ҷониби кишоварзон, камбуди васоили техникӣ, маводи кимёӣ, ба вижа нуриҳои минералӣ. Қариб ду баробар камтар аз меъёрҳои таъин шуда истифода кардани нуриҳои минералӣ дар пахтазор.
-- Қариб 2 баробар пойин омадани ҳосили пахта аз ҳар гектар бар асари нуқсонҳои зикр шуда.
-- Пойин будани сатҳи маърифати ҳуқуқии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бетаваҷҷӯҳии онҳо ба шароити қарордодҳои хариду фурӯши пахта ва маводи мавриди зарурат.
-- Нуқсонҳои ҷиддӣ дар татбиқи ислоҳоти кишоварзӣ ва ба дӯши хоҷагиҳои навбунёд бор кардани қарзҳои хоҷагиҳои пешин.


Дар Тоҷикистон бо тавсияи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба мақсади ҳалли масъалаи қарзи хоҷагиҳо Комиссияи Мустақил таъсис шудааст ва гурӯҳи мутахассисони дохилию хориҷӣ ба баррасии қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ оғоз намудаанд, то маблағи қарзи хоҷагиҳоро ва иллати онро дақиқан муайян созанд. Барои баррасӣ 12 хоҷагии деҳқонӣ интихоб шудааст ва тасмим гирифта шудааст, ки таи 4 моҳи оянда ин кор анҷом ёбад ва роҳҳои ҳалли масъала пешниҳод гардад. Зимнан, яке аз масъулини Бонки Осиёии Рушд изҳор дошта, ки ба маблағи 800 000 доллар ёрии техникӣ барои анҷом додани баррасии қарзҳо ва маблағи 12 миллион доллар ба сифати грант барои дастгирии фаъолияти Комисияи Мустақил дар ҷиҳати ислоҳот ва таъмини рушди соҳаи пахтакорӣ ихтисос дода хоҳад шуд.
Албатта, ин ҳама тадбирҳои нек ва заруриянд. Бидуни ҳалли ин мушкил ва аз дӯши кишоварзон бардоштани ин бори сангин наметавон аз таназзули ин соҳа ҷилавгирӣ кард ва ба рушди он умед баст. Хуб аст, ки билохира, зарурати ислоҳи вазъи нобасомонӣ ин соҳа дарк шуда ва тасмимҳо гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG