Пайвандҳои дастрасӣ

Барқи Осиёи Марказиро дар Ҳинду Покистон интизоранд


Бар пояи ин нақша Ҳиндустону Покистон аз захираҳои нефту гази Қазоқистону Турманистон ва нерӯи барқиву обии Тоҷикистону Қирғизистон баҳрманд хоҳанд шуд. Рӯзи чоршанбе ҳангоми баҳс дар Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Ричард Баучер ёвари Котиби давлатӣ ё худ ёвари Вазири умури хориҷии ИМА гуфт, умед аст, ки дар тӯли чанд соли оянда сармоягузорони хусусӣ шабакаи 500 киловолтии интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Покистону Ҳиндустонро бунёд хоҳанд кард.
Баучер меафзояд: "Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳадафи пешбурди барномаҳои рушд ва ҳамоиши иқтисодии минтақа, ки дар он лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқ ҷузъи муҳим мебошад, бо кишварҳои минтақаи муколамаи стратегӣ роҳандозӣ хоҳад кард."

Осиёи Марказӣ дорои захираҳои фаровони нафту газ ва манбаи нерӯи барқ аст, ки метавонад рушди давомдори иқтисоди рӯ ба рушди мамолики Осиёи Ҷанубиро таъмин намояд. Ёвари вазири умури хориҷии ИМА мегӯяд: "Мо ҳамроҳ бо кумакрасонҳо ё худ донорҳои дигар имкони содироти нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустонро арзёбӣ мекунем."Ба гуфти Ричард Баучер аз татбиқи лоиҳа ҳар ду ҷониб мафод ба даст меорад ва аслан иҷрои он шароит фароҳам меорад, ки наслҳои ояндаи соҳибкорони Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ захираи зарурӣ барои рушдро пайдо намоянд. Мансабдори амрикоӣ бар ин назар аст, ки ба истилоҳ "бозшавии Афғонистон" ин кишварро аз як монеа ба ба пули миёни Осиёи Марказиву Ҷанубӣ табдил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир ширкатҳои русиву амрикоӣ барои дастрасӣ ба истихроҷу коркард ва содироти захираҳои нерӯи Осиёи Марказӣ сабқат доранд, вале ҳар чӣ бештар дар ин саҳна ширкатҳои Ҳиндустону Чин ҳам зуҳур менамоянд.

Солҳои зиёд Русия Осиёи Маоказиро минтақаи зернуфузаш унвон дода, аз барномаҳои Вашингтон дар Осиёи Марказӣ нигарон аст. Ин ташвиш хусусан, аз замони барканории ҳукумати Толибони афғон дар соли 2001-ум афзоиш ёфтааст. Баучер мегӯяд, ки ИМА аз бунёди хатҳои интиқоли нефту газ ва нерӯи барқ дар самтҳои гуногун пуштибонӣ мекунад. Ӯ илова мекунад, ки ба ақидаи Вашингтон гуногуншакливу гуногунсамтии хатҳои содироти энержӣ аз Осиёи Марказӣ на танҳо амнияти минтақа, балки амнияти ҷаҳониро таҳким хоҳад бахшид.
Дар моҳи июн агентии тиҷорату рушди ИМА дар Вашингтон Анҷумане барпо хоҳад кард, ки дар он имконоти сармоягузориву рушди бахши нерӯи барқи Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад. Ҳамчунин мансабдори амрикоӣ гуфт, ки Вашингтон пажӯҳишҳои имконоти рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва мухобироти минтақаро таъмини молӣ намуда, фаъолиятҳояшро бо муассисаҳои байналмилалии молӣ ҳамоҳанг мекунад.
XS
SM
MD
LG