Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳматулло Зойиров мегӯяд, дар мавриди маҳбусони сиёсӣ далелҳо дорад


.
Оқои Зойиров гуфт аз сару садоҳо дар ин робита тавассути расонаҳои хабарӣ огаҳӣ ёфтааст:
«Ман ҳатто мехостам барои иҷрои бархе корҳои дигари илмӣ дар Маскав муддати бештар бимонам. Аммо чун ин сару садоҳоҳоро шунидам ба иҷбор сафарамро қатъ ва ба таври оҷил ба Душанбе баргаштам, то аз ҳақиқат огаҳ шавам".Сару садоҳо атрофи номи оқои Зойиров, пас аз нишасти ахири хабарии додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов баланд шуд.Дар ин нишаст додситони кулли Тоҷикистон иддаъои Раҳматулло Зойиров мабнӣ бар вуҷуди маҳбусини сиёсӣ дар ин кишварро рад намуд ва гуфт агар ҷаноби Зойиров иддаъои худро собит насозад бояд мутобиқи қонун ҷавоб бигуяд:«Раҳматулло Зойиров, дар мақолаи худ дар Интернет гуфтааст, ки рақамҳои мушаххас дар мавриди маҳбусони сиёсии Тоҷикистонро ба додситонии кулл ва вазорати амният пешниҳод мекунад, вале то имрӯз ҳеҷ далел пешниҳод накардааст. Вале додситони кулл Зойировро пас аз ин даъват мекунад ва пешниҳоди рӯйхати 1000 нафар маҳбуси сиёсии Тоҷикиснро талаб мекунад, дар сурати пешниҳод накардан назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт».
Оқои Зойиров гуфт, пас аз бозгашт аз Маскав додситонии кулл ва ё дигар мақомот дар робита ба нашри руйхати маҳбусини сиёсӣ ӯро барои пурсиш даъват накардааст. Аммо ӯ афзуд, дар ин маврид қаблан дар вазорати амнияти ин кишвар сӯҳбат доштааст.
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт омода аст ба ҳар пурсиши мақомот дар мавриди нашри маводи ёдшуда роҷеъ ба маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон посух гӯяд,зеро мӯътақид аст дар ин мавод таркиби ҷиноӣ вуҷуд надорад ва барои исботи арқоми матраҳ шуда у далели мушаххас дар даст дорад.
Барот Юсуфӣ
XS
SM
MD
LG