Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоли маҳдуди барқ дар Тоҷикистон лағв шуд


Нозир Ёдгорӣ гуфт аз ин баъд интиқоли барқ дар тамоми навоҳии кишвар на ба сурати маҳдуд, балки ба таври шабонарӯзӣ сурат мегирад.Ба таъйиди ҳамин манбаъ интиқоли шабонарӯзии барқ дар саросари Тоҷикистон баъд аз он имконпазир гардид, ки сатҳи об дар обанбори Норак боло рафта ва ҳамакнун ба иртифоъи беш аз 850 метр расидааст. Коршиносони ширкати ҳолдингии «Барқи тоҷик» мегуянд афзоиши захоири об дар обанбори Норак ин имконро фароҳам меорад, ки силсила нерӯгоҳҳои масири рудхонаи Вахш бо зарфияти комил ба тавлиди нерӯи барқ пардозанд.

Аммо бо ин вуҷуд гуфта мешавад Тоҷикистон то даҳаи аввали моҳи май хариди барқ аз Қирғизистон ва Узбакистонроо идома медиҳад. Дар ҳоли ҳозир ин кишвар барои таъмини низмандиҳои дохилияш бо қувваи барқ дар ҳаҷми 10 миллион киловат соъат аз ҳамсоякишварҳои худ Қирғизистон ва Узбакистон барқ харидорӣ менамояд. Бино ба камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1994 айёми тирамоҳу зимистон ба мардум барқ аз рӯи реҷаи маҳдуд дода мешавад.
XS
SM
MD
LG