Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

И. Алиев: Ба ҳамлаи эҳтимолӣ ба Ирон мусоъидат нахоҳем кард


Илҳом Алиев - раисиҷумҳурии Озарбойҷон гуфтааст, ки кишвараш дар ҳич амалиёти низомии эҳтимолии Омрико алайҳи Ирони ҳаммарз даст нахоҳад дошт. Оқои Алиев ин суханонро дирӯз дар Вошингтун ирод кард. Вай гуфт, кишвараш бо Ирон паймоне имзо кардааст, ки ҳамла ё мусоъидат ба ҳамла ба якдигарро манъ мекунад. Ин дар ҳолест, ки интизор меравад рӯзи 28 апрел дар дидори Илҳом Алиев бо Ҷурҷ Буш, раисиҷумҳурии Омрико мавзӯъи буҳрони ҳастаии Ирон низ баррасӣ шавад. Раҳбари Озарбойҷон, ки дар ҷамъи кормандони як муассисаи мутолеъотии бонуфузи Омрико суханронӣ мекард, ҳамчунин аз чизе, ки тавсеъаи демукросӣ дар кишвараш номид, ҳимоят кард ва гуфт, ки вазъияти демукросӣ дар Озарбойҷон бадтар аз ҳич кишвари минтақа нест.
Илҳом Алиев гуфт, ки интизор меравад дар гуфтугӯи вай бо Ҷурҷ Буш тайфи густардае аз масоил, аз таҳаввулоти демукротик дар Озарбойҷон гирифта то қазияи ҳастаии Ирон, матраҳ шавад.
XS
SM
MD
LG