Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистонро ба шибҳиқораи Ҳинд баррасӣ мекунад


Як мақоми баландпояи Омрико гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли тадвини тарҳи азимест, ки нирӯи барқро аз Осиёи Миёна аз тариқи Афғонистон ба Покистону Ҳинд мунтақил хоҳад кард. Ричард Баучер, дастёри вазири хориҷаи Омрико дар умури Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ куллиёти ин тарҳро барои намояндагони Кунграи Миллӣ тавзеҳ дод. Оқои Баучер гуфт, ки дар сурати иҷрои ин тарҳ нафту гози Қазоқистону Туркманистон ва нирӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Ҳинду Покистон содир хоҳад шуд.
Ҳамчунин мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ба намояндагони Кунгреи миллии ин кишвар гуфтаанд, ки кишварҳои Осиёи Миёна дар талошҳои Омрико барои бозсозии Афғонистон нақши калидӣ доранд. Мақомоти вазорати хориҷа ва вазорати дифоъи Омрико мегӯянд, ки Иёлоти Муттаҳида барои амалиёти марбут ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ба ҳамкории кишварҳои Осиёи Миёна ниёз дорад, то ҳаракати ҳавопаймоҳо ва чархболҳои омрикоӣ аз тариқи ҳарими ҳавоии худро раво бидонанд.
XS
SM
MD
LG