Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ранҷҳои 20-солаи наҷотбахшони миллионҳо нафар


Собиқадорон ва маъюбони фоҷиаи Чернубил, гуфтанд, 95 дар сади онҳо ва атфолашон бинобар таъсири шуюъи атомӣ аз бемории саратони хун ва сафедхунӣ ранҷ мебаранд. Дар ин нишаст таваҷҷӯҳи ҳозиринро қиссаҳои талхи гурӯҳи ҳунармандони тоҷик ҷалб намуд, ки дар он рӯзҳои мудҳиш бехабар аз асли воқеъа, барои мардуми онҷо барномаи ҳунарӣ иҷро кардаанд.

Яке аз онҳо Бибигули Саъдӣ, ҳунарманди дастаи бонувони рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, моҳи сентябри соли 1986 ҳангоми сафари ҳунарӣ дар Украина онҳоро бе огоҳии пешакӣ барои иҷрои барномаи консертӣ ба Чернубил бурдаанд. Вай мегӯяд, ӯву фарзандонаш маъюбанд ва дар ҳолати фақр ба сар мебаранд ва ин дар ҳолест, ки имтиёзҳояшон ночизу нокифоя аст:

"Мо ки ҷавон будем, аз куҷо медонистем, ки чӣ сарнавиште моро интизор аст. Ҳоло ҳамарӯза бо бемориҳои мухталиф даст ба гиребон ҳастам. "

Абдулло Холов, раиси ҷамъияти маъюбони садамаи Чернубил дар ноҳияи Ҳисор мегӯяд, бар асари заҳролудшавӣ бахши аъзами афроди дар бартарафсозии паёмадҳои ин садама ширкатнамуда, безурёт мондаанд: "Мо вақте ба онҷо рафтем, як ё ду кӯдак доштем, баъзеҳо фарзанддор набуданд. Ҳоло 20 сол гузаштааст ва аксари онҳо фарзанд надоранд."

Аммо Исомиддин Саломиддинов, мушовири президенти Тоҷикистон, зимни суханронии худ дар ҳамоиши бахшида ба бистумин солгарди садамаи Ҷернубил гуфт, ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи беҳбудии вазъи иҷтимоии маъюбони садамаи Чернубил корҳои чашмрасеро то ин вақт анҷом додаст.

Вай афзуд: "Мо бо мақомоти марбута тамоми мушкилоти зиндагии шуморо, ки аз ҷониби ниҳодҳои масъул эҷод шудааст,баррасӣ мекунем ва онҳоро фавран ҳаллу фасл хоҳем кард."

Зокир Вазиров, вазири ҳифзи кор ва таъмини иҷтимоии Тоҷикистон, дар робита ба барномаҳои вазорати мазбур, дар роҳи кӯмак ба афроди маъюби ин садама гуфт: "То соли 2009 тамоми имтиёзҳои шумо пулакӣ мешавад. Вазифаи вазорати мо на танҳо додани ин имтиёзҳо, балки назорати онҳо низ мебошад. Муттаасифона кумиссияи назоратӣ ба ҳаромкорӣ роҳ доданд, ки дар натиҷа афроди ниёзманд, аз ҷумла шумо аз истифодаи ин имтиёзҳо бебаҳра мондед."

Дар рӯзҳои фоҷиаи Чернубил барои бартарафсозии авоқиби он аз Тоҷикистон беш аз 4000 нафар басиҷ шудааст ва 2 ҳазору 180 нафари онҳо дар қайди Шӯрои собиқадорони Чернубил мебошанд.
XS
SM
MD
LG