Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди Қирғизистон ба соҳибкорони тоҷик


Ба гуфтаи Турусбек Мамашов - муовини вазири саноат, тиҷорат ва ҷаҳонгардии Қирғизистон шумораи сокинони Тоҷикистон, ки ба Иссиқккӯл меоянд, ҳамасола бештар мешавад. Дар нишасти матбуотие, ки намояндагони ҳукумати Қирғизистон 26 апрел дар Алмаато дар мавриди омодагии осоишгоҳҳои Иссиқккӯл ба мавсими нав доир карданд, оқои Мамашов афзуд, ки солҳои ахир шумораи истироҳаткунандагони Тоҷикистон дар ин осоишгоҳи маъруфи Осиёи Марказӣ назар ба истироҳаткунандагони Узбакистон афзудааст. Аз ҳама бештар, ба гуфтаи оқои Мамашов, дар ин осоишгоҳҳо шаҳрвандони Қазоқистон ва Русия истироҳат мекунанд.

Дар маҷмӯъ ҳар сол дар беш аз 130 осоишгоҳу истироҳатгоҳи Иссиқкӯл 1 миллиону 400 ҳазор нафар истирохат мекунанд. Ба таъкиди Адохон Мадумаров - муовини нахуствазир - риштаи ҷаҳонгардӣ дар Қирғизистон сол то сол рушд мекунад. Алъон он 4 дар сади даромади нохолиси кишварро ташкил медиҳад. Солҳои наздик дар Иссиқкӯл чандин меҳмонхонаҳои панҷситорадор сохта мешаванд. Вале оқои Мадумаров чунин мешуморад, ки таваҷҷӯҳ ва дилбастагии истироҳаткунандагон на ба чунин меҳмонҳонахои зебо, балки ба ҳавои фараҳбахш, оби тозаву шифобахш ва манзараҳои афсонавии Иссиқкӯл бештар гардидааст. Аз ин ру шумораи ширкатҳо ва сармоягузорони хориҷӣ, ки ба рушду тавсиаи Иссиқкӯл маблағгузорӣ мекунанд, меафзояд.

Турусбек Мамашов - муовини вазири саноат, тиҷорат ва ҷаҳонгардии Қирғизистон - гуфт, ки тоҷирони тоҷик низ чун дигарон метавонанд, дар соҳили Иссиқкӯл замин ба кироя гирифта, дар ин ҷо ба тиҷорату соҳибкорӣ машғул шаванд. Нархи як сотих замин алъон 500 доллари амрикост, Ин дар ҳолест, ки соле қабл он 250 доллар буд.

Муовини вазири саноат, тиҷорат ва ҷаҳонгардии Қирғизистон афзуд, ки аз 17 то 19 майи соли равон дар Бишкек намоишгоҳи нахустини байналмилалии ҷаҳонгардии Қирғизистон доир мегардад, ки дар он ҳайъати бонуфузи Тоҷикистон низ ширкат хоҳад кард. Дар чаҳорчӯби ни намоишгоҳ намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон масоили тавсиаи минбаъдаи ҷаҳонгардиро, ки ҳарду кишвар дар ин робита дурнамои хуб доранд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG