Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғизоҳои зиёновари бозорҳои Хуҷанд


Дадоҷон Ғоибов - сарвари маркази стандарткунонии Суғд рӯзи 26-уми апрел зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ки кормандони марказ дар пайи ташхиси беш аз 600 номгӯйи мавод ба чунин натиҷа расидаанд:
«Яксаду ду навъи маводи мавриди тафтиш ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набуд.»

Далерҷон Собиров, сарвари шӯъбаи тафтиши маводи ғизоии Маркази стандарткунонӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, ба номгӯи маводи пастсифат маводи аслии ғизоӣ, орду равған, шарбату нӯшокиҳо ва инчунин майу шароб дохил аст:

«Шӯъбаи стандарти давлатӣ 21 намунаи орди гандум, беш аз 100 тонро ҷиҳати ташхис ба мо пешниҳод карда буд ва аз ин 4 намуна, наздики 20 тонна орд ба талаботи стандарт ҷавоб надод, яъне сифати он хеле паст аст.»

Маводи пастсифати ғизоӣ бештар дар дӯкону бозорҳо ва дар сари роҳҳо ба фурӯш гузошта шудааст. Моли пастсифатро табақаи нодор ва миёнаҳоли сокинони Суғд харидорӣ мекунанд. Як сокини Хуҷанд мегӯяд, ба хушсифат будани маводи харидаш итминон надорад:

«Чунки мебинам, ки фурӯшандаҳо нишондоди мӯҳлати истифодаи маводи ғизоиро дар болои қуттиҳои бисёр маводи ғизоӣ кӯр кардаанд. Аз ин рӯ онро бо нархи арзон ба фурӯш мегузоранд.»

Дар расидагӣ ба ин савол ки чаро Маркази стандарткунонӣ ҳамҷоя бо мақомоти дигар наметавонад аз ворид шудани маводи ғизоии пастсифат ва зарарнок ба саломатии одамон ба бозори дохилӣ пешгирӣ кунад, масъулини ин марказ мегӯянд, қобилияти пасти харидории аксари сокинони вилоят боиси ба бозори дохилӣ бо роҳҳои ғайриқонунӣ ворид шудани молу колои арзони пастсифат аз кишварҳои хориҷаи наздик мегардад.
XS
SM
MD
LG