Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот дар вилояти Ӯши Қирғизистон


Рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Ӯш ҷануби Қирғизистон иддае аз сокинони он бо баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ хостори маҳви фасодкорӣ шуданд ва аз мақомот хостанд, ки унсурҳои ҷиноиро ба ҳукумати кишвар роҳ надиҳанд.
Дар ин тазоҳурот, ки бо мусоидати Иттиҳоди Нерӯҳои Демократии Қирғизистон баргузор шуд, собиқ раиси вилояти Ӯш Анвар Ортиқов ширкат дошт. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ӯш дар ин тазоҳурот ҳудуди 30 нафар ширкат доштанд ва чунин шиор медоданд: "Роҳи унсурҳои ҷиноиро бигиред", "Мо хоҳони ислоҳоти демократӣ ва мухолифи фасодкорӣ ҳастем".
Бино ба гузориш, чанд нафар саъй кардаанд, то ки монеъи тазоҳурот шаванд. Онҳо ба майдони маркази Ӯш, ҷойи тазоҳурот омада, аз эътирозгарон хостаанд, ки то ки онҳо пароканда шаванд.
Баргузоркунандагони намоиши эътирозӣ мақомоти расмии маҳаллиро дар ин амр муттаҳам кардаанд. Аммо ин тазоҳуроти осоишта пас аз як соат худ ба худ пароканда шудааст.
Анвар Ортиқов - раиси собиқи вилояти Ӯш - ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслии тазоҳурот намоиш додани хостаҳои мардуми қирғиз аст, ки талабгори демократия, волоияти қонун ва субот ҳастанд.
Дар тазоҳурот касе аз мақомоти расмии вилояти Ӯш ширкат накардаанд ва дар баробари иттиҳомоти баргузоркунандаҳои он вокунише нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG