Пайвандҳои дастрасӣ

Медалҳо дар Таиланду дар Амрико


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи таеквон-до WTF дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар пойтахти Тайланд- шаҳри Бангкок соҳиби як медали нуқра ва як медали биринҷӣ гардид. Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо эъломи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот, ки барои ҳабдаҳумин бор баргузор шуд, Тоҷикистонро ҳафт нафар намояндагӣ карданд. Вай афзуд, дар рақобатҳо мувофиқи вазни худ аъзои дастаи занонаи кишвар Екатерина Трубитсина мақоми дуввум ва Кристина Коробка мақоми севвумро ишғол намуданд.

Фарид Солеҳов, ҳамчунин хабар дод, ки Комил Латипов, варзишгари тоҷик дар ду мусобиқоти кушодаи шаҳри Ню-Йорк ва иёлати Ню Ҷерсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар риштаи таеквон-до мақоми дуввумро касб кард. Вай дар ҳарду сабқат дар вазни 58 кило бар ҳарифонаш ғолиб омада, ба финал баромад. Вале дар рақобати ниҳоӣ ду бор аз қаҳрамони Амрико Анди Чоу мағлуб гашта, бо медалҳои нуқра сарфароз шуд. Устоди варзиш Комил Латипов, ки қаҳрамони таеквондои Тоҷикистон аст, аз моҳи октябри соли 2005 дар Донишгоҳи Кинг Боруи шаҳри Ню-Йорк таҳсил мекунад. Вай, ҳамчунин мураббии бошгоҳи «SUNG's Таеkwondo»-и Ню-Йорк буда, ба шогирдонаш усулҳои таеквондоро меомӯзонад.

Ва ду хабари кӯтоҳ барои ҳаводорони тенниси рӯи миз.

Тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар шаҳри Бремени Олмон ҷараён дорад, таҳти раҳбарии Рустам Холиқов, раиси Федератсиони тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ширкат мекунад. Ҳамзамон, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии минтақавӣ дар шаҳри Гармсори Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дарёфти роҳхат ба давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки моҳи июл дар Ҷопон баргузор мешавад, талош меварзад.
XS
SM
MD
LG