Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдид ба ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон


Раиси Оҷонсии миллии сиёсати зидди инҳисории Тоҷикистон мегӯяд, ки ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба сурати якҷониба ва бидуни мувофиқа бо ин оҷонсӣ қиммати билетҳои парвози худро таъйин кардааст. Раҳмоналӣ Амиров, ки рўзи чоршанбе бо хабарнигорон сўҳбат мекард, гуфт, ки ин амр хилофи қонун аст ва ширкати мазкур дастур гирифтааст, ки то аввали моҳи май фаъолияти худ дар ин заминаро ба танзим дарорад.
Оғои Амиров мегўяд, дар сурати иҷро нашудани ин дастур то фурсати таъйиншуда, оҷонсӣ тибқи қонун иқдом ба муҷозоти ширкати ҳавопаймоӣ хоҳад кард, ки он дар шакли ҷарима сурат хоҳад гирифт.
Аммо Ҳокимшо Тиллоев, раиси ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон тарифҳои пешниҳодии Оҷонси зидди инҳисориро ғайривоқеъӣ донист ва гуфт, дар поёни соли гузашта ин қимматҳо бо оҷонсии мазкур мувофиқа шуда буд, дар моҳҳои январ ва феврали имсол танҳо аз ҳисоби парвозҳое, ки ба Русия анҷом мешавад, 600 ҳазор доллар ширкати ҳавойпамоӣ зарар дидааст, зеро оҷонсӣ қиммати билетҳоро мутаносибан ба 180 - 190 доллар таъйин карда буд. Ҳокимшо Тиллоев мегӯяд, дар ин сурат бояд оҷонсии зидди инҳисорӣ хисороти ба ширкати ҳавопаймоӣ воридшударо ҷуброн кунад, зеро қиммати чиптаҳо хеле камтар аз андозаи масрафоти ширкати ҳавопаймоӣ буд.
Ва аммо ҳоло Оҷонсии зидди инҳисорӣ ба ширкат иҷозаи фурӯши чиптаҳои парвоз ба Маскавро мутаносибан 200 ва 250 доллар додааст, аммо оғои Тиллоев мегўяд, ки ин воқеъӣ нест ва қиммати парвоз мувофиқи ҳисобҳои ширкат барои як нафар дар самти Душанбе - Маскав ҳадди ақал 290 долларро ташкил медиҳад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG