Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи номзади нав ба мақоми сафири Амрико дар Душанбе


Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Амрико, дипломати собиқадор хонум Трейси Энн Якобсонро, номзад ба мақоми сафири ин кишвар дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Хонум Якобсон сафири феълии Иёлоти Муттаҳида дар Туркманистон, қабл аз ба ин мақом таъйин шуданаш, муддати се сол дар Латвия ва қабл аз он ба ҳайси ноиби мудири иҷроия дар Шӯрои Амнияти Миллӣ дар Кохи Сафед кор кардааст. Трейси Энн Якобсон ҳамчунин дар кишварҳои Куриёи Ҷанубӣ, Нассау, ҷазираҳои Баҳама ва Русия низ фаъолият доштааст.
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе ба сомонаи интернетии Радиои Озодӣ хабар дод, тибқи муқаррарот қарори ниҳоиро доир ба таъйиноти бону Якобсон ба мақоми сафир дар Тоҷикистон Сенати Амрико қабул мекунад, зеро масъулияти ҳуқуқии таъйини сафирҳоро бар дӯш дорад. Сафорати Амрико дар Душанбе гуфт, сафири ҳолӣ, Ричард Ҳоуглэнд фаъолияти худро дар Душанбе то охири тобистони имсол идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG