Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов ва Игор Иванов


Игор Иванов, дабири Шӯрои амнияти Русия, ки дар Душанбе бо сафари расмӣ қарор дорад, пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмонов, бо хабарнигорон сӯҳбати кӯтоҳ анҷом дод. Вай гуфт, дар мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон куллия масоили муносиботи миёни Русия ва Тоҷикистон матраҳ буд. Ҷаноби Иванов аз раванди муносиботи имрӯзаи Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, муносиботи миёни ин ду кишвар чӣ дар соҳаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва чӣ дар сиёсату чӣ дар майдони байналмилалӣ хеле зинда ва ба нафъи ҳар дуи ин кишварҳо густариш меёбанд. Ва аммо, гуфт Игор Иванов, бар ин илова, хеле муҳим аст, ки тасмимоти гирифташуда бори дигар дида бишавад ва самтҳои нави ҳамкорӣ муайян бишавад. Игор Иванов гуфт, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳодоте ироа кардааст, дар мавриди он ки чӣ иқдомоте бояд боз рӯи даст гирифта бишавад то ки ин муносибот боз ҳам сареътар рушд бикунанд. Мақоми баландпояи рус ҳамчунин дар бораи аҳамияти пиёда кардани тарҳҳои бузурги иқтисодие, ки Русияву Тоҷикистон муштаракан ба нақша гирифтаанд, ҳарф зад ва аз қавли Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ки раҳбарияти Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ ба ҷалби сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон аст. Игор Иванов ҳамчунин имрӯз дар нишасти дабирони Шӯроҳои амнияти панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Русия ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG