Пайвандҳои дастрасӣ

Омрико нигарони омодагии Ирон ба тавзеъи иттилоъоти ҳастаиаш аст


Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико гуфтааст, ки кишвараш нигарони омодагии Ирон ба пахши иттилоъоти ҳастаии худ дар миёни кишварҳои дигар аст. Бону Райс дар ҷараёни дидори худ аз шаҳри Онкорои Туркия суҳбат мекард. Муддате қабл аз он Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Ирон гуфт, ки кишвараш омода аст дониши ҳастаии худро дар ихтиёри кишварҳои дигар бигзорад. Ин дар ҳолест, ки зарбулъаҷали Шӯрои Амнияти СММ барои таълиқи ҳамаи фаъъолиятҳои Ирон дар заминаи ғанисозии урониюм рӯзи 28 апрел, яъне то ду рӯзи дигар ба поён мерасад. Пештар Алии Лориҷонӣ, музокиракунандаи аршади Ирон дар умури ҳастаӣ, ҳушдор дод, ки дар сурати эъмоли таҳримҳои Созмони Милал алайҳи Ирон, кишвараш равобити худ бо Ожонси байнулмилалии энержии ҳастаиро қатъ хоҳад кард. Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Омрико дар посух ба суханони оқои Лориҷонӣ гуфт, ки дар сурати қатъи равобити Ирон бо Ожонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ Теҳрон бар шиддати инзивои байнулмилалии худ хоҳад афзуд.
XS
SM
MD
LG