Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гиромидошти хотираи қурбониёни Чернобил


Мардуми сӯгвор дар Укроин дар бистумин солрӯзи вуқӯъи фоҷеъаи ҳастаии Чернобил, дар ҳоле ки шамъ ба дастҳояшон гирифта буданд, хотираи қурбониёни он ҳодисаро пос доштанд. Садҳо нафар аз тариқи хиёбони Славутич самти шаҳраке сарозер шуданд, ки дар паи бадтарин тасодуми ҳастаии ҷаҳон ба торихи 26 апрели соли 1986 барои коргарони нирӯгоҳи Чернобил сохта шуда буд. Соъати яку 23 дақиқаи бомдод, ба вақти Маскав як дақиқа сукут эълом шуд. Дуруст як дақиқа қабл аз вуқӯъи он инфиҷори маргбор ва оташсӯзии мутаъоқиби он, ки мавҷе аз ташаъшуъи родюоктивро ба саросари Урупо фиристод. Олеҳ Шамшур, сафири Укроин дар Омрико мегӯяд, ки хатари ташаъшуъи родюоктиви Чернобил ҳанӯз ба куллӣ аз байн нарафтааст ва дар сурати вайрон шудани сарпӯши маҳалли ҳодиса, авзоъ ба маротиб бадтар хоҳад шуд. Вай гуфт: "Лозим ба ёдоварист, ки 20 сол пеш танҳо се дарсади сӯхти реоктури чаҳоруми Чернобил ба фазо нашт кард. Боқимондаи муҳтавои он реоктур ҳанӯз ваҳшатноктарин моддаи мунфаҷира аст, ки имании тамомии қораи Урупоро таҳтушшуъоъ қарор медиҳад". Инфиҷор дар реоктури чаҳоруми нирӯгоҳи ҳастаии Чернобил дар ҷараёни як озмоиши номаълум иттифоқ уфтод ва бахшҳои густардае аз Укроин, Белорус ва Русияро заҳрогин кард. Созмони Милали Муттаҳид пешгӯӣ кард, ки ҳудуди 9000 нафар бар асари ташаъшуъи он инфиҷор гирифтори саратон хоҳанд шуд ва ҷон хоҳанд дод. Аммо созмони Сулҳи Сабз ин рақамро 93 000 нафар медонад. Ба гуфтаи мақомоти созмони Сулҳи Сабз, ҳудуди 200 000 нафари дигар ба иллати ибтило ба дигар бемориҳои ношӣ аз инфиҷори Чернобил дар хоҳанд гузашт.
XS
SM
MD
LG