Пайвандҳои дастрасӣ

Мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир дар Шӯробод


Бино бар иттилоъи Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон, дар натиҷаи се амалиёти густардаи нерӯҳои ин Кумита, ки ахиран дар минтақаи наздимарзии Шӯрободи вилояти Хатлон сураг гирифтааст, аз қочоқбарон беш аз 120 кило маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, дар се моҳаи аввали соли равон, дар марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, 27 амалиёти муштарак сурат гирифтаааст, ки дар натиҷа, 33 ҳодисаи марзшиканӣ ба қайд гирифта шуда 15 қочоқбар боздошт шудааст. Аз онҳо ҳудуди 500 кило маводи мухаддир мусодира шудааст, ки беш аз 270 килои онро ҳероин ташкил медодааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG