Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории хориҷии Тоҷикистон


Вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, ҳаҷми мубодилоти тиҷории хориҷии ин кишвар дар се моҳи соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 42 % афзоиш ёфтааст. Бино ба иттилоъи ҳамин манбаъ, мизони гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба 625 миллион доллар расидааст, ки ин дар маҷмӯъ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 200 миллион доллар зиёдтар аст. Содиқ Ҳусайнов, муовини вазири иқтисоди Тоҷикистон гуфт, дар се моҳи ахири соли равон мизони маҷмӯъи маҳсулоти содиротии ин кишвар ба хориҷ ба 317 миллион доллар расидааст. Ба гуфтаи оқои Ҳусайнов, Тоҷикистон дар ин давра ба маблағи 40 миллион $ панба ва ба маблағи беш аз 230 миллион доллар алюминюми аввалия содир намудааст. Ва фурӯши ин ду маҳсулот 85 дар сади ҳаҷми умумии содироти кишварро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки бар асоси иттилоъи ҳамин манбаъ, дар давраи ёдшуда бар хилофи интизорот ҳаҷми воридот ба кишвар 60 миллион доллари амрикоӣ афзоиш касб намуда, 377 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Тибқи омори расмӣ, дар се моҳи соли 2006 дар ин кишвар ба маблағи як миллиарду 546 миллион сомонӣ ва ё муодили 500 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти дохилӣ тавлид шудааст. Ва ин нишондод нисбат ба соли гузашта шаш дарсад афзоиш доштааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG