Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Игор Иванов ва ҳамтоёни ӯ аз Осиёи Марказӣ ба Душанбе меоянд


Игор Иванов, дабири Шӯрои амнияти Русия рӯзи сешанбе, 25 апрел вориди шаҳри Душанбе мешавад ва интизор меравад, бегоҳи ҳамин рӯз, бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон во бихӯрад. Игор Сатторов, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба www.ozodi.org гуфт, Игор Иванов дар нишасти дабирони Шӯрои амнияти ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ва Русия, ки рӯзи чаҳоршанбе дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Дар ин нишаст, ҳамчунин, дабирони Шӯроҳои амнияти ҷамоҳири дигари Осиёи Марказӣ, ки узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳастанд, ширкат мекунанд. Дар нишаст, ки бино бар гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон паси дарҳои баста сурат хоҳад гирифт, масоили амният дар минтақа матраҳ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG