Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каратэ тамом шуд, футзал сар мешавад


Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи каратэ-до бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе хотима ёфт. Ин мусобиқот дар қасри варзиши «Самандар-асри ХХ1»-и шаҳри Турсунзода бо ширкати 165 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбею Турсунзода ва ноҳияи Варзоб баргузор шуд. Дар ҳисоби даставӣ баъди тими ғолиб -- Душанбе дастаи шаҳри Турсунзода мақоми дуввум ва тими ноҳияи Ёвон мақоми севвумро ишғол карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар навъи «ката» миёни бузургсолон Вадим Ҷо Чун Си, аз вилояти Суғд мақоми аввалро касб кард. Дар ин навъи рақобатҳо байни духтарон Нигина Хайруллоева, аз Душанбе ғолиб омад. Дар рақобатҳо дар навъи «кумитэ» байни наврасон варзишгарони пойтахти кишвар Умедҷон Имомов, Шодмон Абдуллоев, Комрони Пӯлодӣ, Бадриддин Умедов унвони қаҳрамониро соҳиб шуданд. Миёни бузургсолон аъзои дастаи шаҳри Турсунзода Нодир Ҳоҷикамолов ( дар вазни то 55 кг), Ҳабибуллоҳ Ҷунайдуллозода (то 60 кг), Диловар Шарифов ( то 65 кг) ва Темур Беков ( то 75 кг), намояндаи вилояти Суғд Вадим Ҷо Чун Си (то 70 кг) ва варзишгари ноҳияи Ёвон Мансур Раҷабов (беш аз 75 кг) дар мақоми аввал қарор гирифтанд. Байни духтарон Фарангис Розиқова (Душанбе, то 35 кг), миёни бонувон Матлуба Қурбонова (Варзоб, то 50 кг) ва Нигина Хайруллоева (Душанбе, то 60 кг) ғалаба карданд. Нигина Хайруллоева, ҳамчунин дар рақобатҳо дар вазни мутлақ пирӯз шуд.

Ба гуфтаи Умархон Мадвалиев, раиси Федератсиони каратэ-дои Тоҷикистон дастаи мунтахаби наврасони кишвар аз 5 то 7 май дар шаҳри Тошканд дар Ҷоми Осиёи Марказӣ ва дастаи мунтахаби бузургсолони ҷумҳурӣ рӯзҳои 21 ва 22 май дар шаҳри Маскав дар Ҷоми ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.

Ва як хабари дигар. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон мувофиқи қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё - 2006, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Ҷопон, Ироқ ва Ҳонконг рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «А» Узбакистон, Чин, Тайван ва Малайзия, ба гурӯҳи «С» Қирғизистон, Кувайт, Лубнон ва Австралия ва ба гурӯҳи «D» Эрон, Тайланд, Индонезия ва Туркманистон дохил шуданд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни ҳафт тими зӯртарини қорра ҷой гирифт, бидуни бозиҳои интихобӣ барои ширкат дар давраи ниҳоии чемпионати Осиё - 2006 роҳ ёфтааст. Мусобиқот аз 21 то 28 май дар маҷмаъаҳои варзишии «Юнусобод» ва «Чирчиқ»-и Тошканд барпо мешавад. Дастаи Тоҷикистон 21 май бо Лубнон, 22 май бо Ҳонконг ва 24 май бо Ҷопон қувваозмоӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG