Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷорҳои сегона дар Миср чандин кушта ба ҷо гузошт


Шомгоҳи душанбе (24 апрел) се инфиҷор шаҳри тафарруҷии Заҳоби Миср дар каронаи Дарёи Сурхро такон дод. Ин инфиҷорҳо рестуронҳо ва як бозорро дар авҷи мавсими сафари ҷаҳонгардони умдатан урупоӣ, рус, исроилӣ ва мисрӣ ҳадаф қарор доданд. Вазорати дохилаи Миср рақами кушташудагони ҳодисаро 10 тан эълом кард, ки чаҳор нафарашон хориҷӣ будаанд. Бино ба гузориши ҳамин манбаъ, бар асари инфиҷорҳо 62 тани дигар захмӣ шудаанд. Аммо мақомоте, ки аз ифшои номашон худдорӣ карданд, мегӯянд, ки талафоти ҷонии ин ҳодиса метавонад афзоиш ёбад. Шоҳидони айнӣ ва пизишкон дар маҳалли ҳодиса таъдоди кушташудагонро 30 тан ва захмиёнро 150 нафар унвон карданд. Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳурии Миср, инфиҷорҳоро "як ҳамлаи дижхимонаи терруристӣ" унвон кард ва қавл дод, ки муртакибони онро муҷозот хоҳад кард. Дар зарфи 18 моҳи гузашта дар нимҷазираи Синои Миср як ришта ҳамалоти маргбор сурат гирифт, аз ҷумла бумбгузориҳо дар тафарруҷгоҳҳои Табо ва Раъс-Шайтон ба шеваи шабакаи Ал-қоъида дар моҳи октябри соли 2004 ва ҳамлаи моҳи июли гузашта дар шаҳри Шарм-уш-шайх.
XS
SM
MD
LG