Пайвандҳои дастрасӣ

Филми ҳиндӣ дар Покистон


Нахустин бор ба ишқи мамнӯъи покистониҳо нисбат ба филмҳои ҳиндӣ рӯзи якшанбеи гузашта иҷоза дода шуд. Покистониҳо дар ин рӯз як филми тавлиди соли 1960-ро тамошо карданд, ки дар ҳарду кишвари Ҳиндустон ва Покистон маҳбубияти бузург дорад.
То ин вақт намоиши филмҳои ҳиндӣ дар Покистон манъ буд ва акнун кормандони саноати синамо умедворанд, ки ин иҷоза истисноӣ набуда, ба табодули бештари фарҳангӣ дар байни ду кишвари рақиб, ки дар гузашта ду бор вориди ҷангҳои шадид шудаанд, роҳ хоҳад кушод.
Иттифоқан хабар расид, ки рӯзи сешанбе Ҳиндустон ва Покистон сари мизи гуфтугӯ менишинанд, то масъалаи адами истифода аз силоҳи ҳаставиро дар низоъи эҳтимолӣ баррасӣ кунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG