Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйирот дар ҳайъати раёсати Вазорати энержӣ


Рӯзи душанбе, 24 апрел Ҷӯрабек Нурмаҳмадов аз мақоми вазорати энержии Тоҷикистон барканор ва ба ҷои ӯ муъовини собиқаш ва вазири пешини энержӣ, Абдулло Ёров мансуб шуд. Дафтари матбуъотии Вазорати энержӣ ба родю Озодӣ хабар дод, бино ба фармонҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳамчунин, ду муъовини дигари вазири энержӣ, Эмомиддин Аслов ва Неъматулло Иноятов низ сабукдӯш шудаанд. Пӯлод Муҳиддинов (масъули собиқи шуъбаи энержӣ ва саноъати дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва муъовини шаҳрдории Душанбе) ва Заробиддин Файзуллоев муъовинони нави вазири ҷадиди энержӣ таъйин шудаанд. Ҷӯрабек Нурмаҳмадов дар моҳи январи соли 2004 дар мақоми вазорати энержӣ ҷойгузини Абдулло Ёров шуда буд.
XS
SM
MD
LG