Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболи ҳирфаӣ ва бокси ҳирфаӣ


Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо дидори дастаҳои ҷадиди лигаи олӣ -- «Динамо»-и шаҳри Душанбе ва «Олими Каримзод»-и ноҳияи Мастчоҳ оғоз шуд. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Динамо»-и пойтахти Тоҷикистон сурат гирифт, бо пирӯзии дастаи меҳмон - «Олими Каримзод» бо натиҷаи 4 бар 1 хотима ёфт. Дар бозиҳои дигари даври аввали мусобиқот «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 3 бар 1, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар сафар бар «Ориёно»-и Душанбе ба натиҷаи 1 бар 0, «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ бар «Телеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 4 бар 0 ва СSKA -и Душанбе бар СКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба карданд.

Ба гуфтаи Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федератсиони футболи Тоҷикистон бинобар даст кашидани «Равшан»-и Кӯлоб аз ширкат дар мусобиқоти имсола бозии ин даста бо «Хима»-и Душанбе барпо нашуд. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа аз бозии аввалин даври мусобиқот озод буд.

Ба ин тартиб, дар понздаҳумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар 12 даста дар ду давра то моҳи ноябр рақобат хоҳад кард. Бозиҳои даври дуввуми мусобиқот рӯзҳои 26 ва 28 апрел баргузор мешавад.

Нахустин мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи бокси ҳирфаӣ дар шаҳри Душанбе дар саҳнаи Сирки давлатӣ баргузор шуд. Бино ба иттилоъи Абдурашид Мамадҷонов, муовини сардовари мусобиқот дар рақобатҳо дар вазни 61 кило Маъруф Файзуллоев бар Аҳрор Маҳмадшоев, дар вазни 66 кило Умед Мирзоалиев бар Алишер Қосимов, дар вазни 69 кило Саидмухтор Абдуллоев бар Баҳром Валиев ва дар вазни 79 кило Сарвар Ҳоҷимуродов бар Анатолий Зинатулин ғолиб омада, ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф гаштанд.

Ҳамзамон, дидори дӯстонаи муштзанҳои ҳирфаии Тоҷикистону Украина дар се вазн доир шуда, бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Дар рақобатҳо дар вазни 61 кило варзишгари тоҷик Дилшод Абдуллоев бар муштзани украин Раҳим Мингалиев ғолиб омад. Дар рақобатҳо дар вазни 69 кило Сафо Раҷабов аз Владимир Боровский шикаст хӯрд. Рақобати Ҷаҳон Қурбонов бо Виктор Зиновйев дар вазни 79 кило бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид.
Ҳамчунин рақобати намоишӣ миёни ду нафар бонувони муштзани тоҷик барпо гашт. Фирӯза Назриева бар Таҳмина Исомова дастболо шуд.
XS
SM
MD
LG