Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи як махфигоҳи аслиҳа дар ноҳияи Рӯдакӣ


Аслиҳаи мунфаҷирае, ки дар як пахтазор дар ноҳияи Рӯдакӣ, 20-километрии ғарби Душанбе ёфт шуда буд, безарар гардонида шуд. Ҳокии ин хабар, Вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба сомонаи интернетии Радиои Озодӣ гуфт, дар маҳаллаи Камароби ҷамоати Кӯктоши ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дар вақти кишту кори пахта як мушак ва се бомба ёфт шуда буд. Дар ҳоли ҳозир, як гурӯҳи вижаи иборат аз масъулини ниҳодҳои зирабт аз рӯи ҳодиса ба тафтиш шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG