Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш ба раҳбарони Ироқ шодбош гуфт


Ҷурҷ Буш - раисиҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико гуфтааст, ки вай дар гуфтугӯе телефунӣ бо раҳбарони Ироқ онҳоро бо поён додан ба бунбасте чандинмоҳа шодбош гуфта ва аз онҳо хостааст, ки ҳар чи зудтар давлати эътилофии ваҳдати миллиро шакл диҳанд. Оқои Буш ба нирӯҳои дарёии Омрико дар иёлати Колифурниё гуфт, ки вай дар ин суҳбатҳо ба Ҷаводи Маликӣ - кафили мақоми нахуствазирии Ироқ, Ҷалоли Толибонӣ - раисиҷумҳурӣ ва Маҳмуд Машҳадонӣ - сухангӯи порлумони он кишвар гуфтааст, ки акнун онҳо дар ростои беҳбуд бахшидан ба зиндагии мардуми Ироқ, шикаст додани шӯришиҳо ва якпорчагии кишвар "масъулияти саҳмгине" доранд.
XS
SM
MD
LG