Пайвандҳои дастрасӣ

Кохи Сафед: Навори Ал-қоъида воқеъист


Кохи Сафеди Омрико мегӯяд, ки ба бовари созмонҳои иттилоъотии он кишвар навори савтии тозаи мансуб ба Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи Ал-қоъида, воқеъист. Скотт МакКлеллан, сухангӯи давлати Омрико ба хабарнигорон гуфт, ки ба эътиқоди мақомоти омрикоӣ раҳбарии Ал-қоъида ҳамчунон дар ҳоли фирор ва зери фишори шадид аст. Вай афзуд, ки давлати Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон талош мекунад, ки набард алайҳи душманро дар берун аз марзҳои Омрико нигаҳ дорад ва имкони таҳияи тавтеъаҳои тоза алайҳи омрикоиҳоро душвортар созад. Гӯяндаи навори савтие, ки рӯзи якшанбе, 23 апрел, аз тариқи шабакаи телевизюнии Ал-ҷазира пахш шуд, мегӯяд, ки буҳрони минтақаи Дорфур дар Судон ва инзивои байнулмилалии давлати фаластинии Ҳамос аз далоили он аст, ки Ғарб дар ҳоли набард алайҳи ислом аст. Гӯяндаи ин навор ҳамчунин Созмони Милали Муттаҳидро як ниҳоди "кофар"-е меномад, ки барои пиёда кардани қатъномаҳои "салибиюн ва сеҳюнистҳо" аз он истифода мешавад, то дар сарзаминҳои исломӣ ҷанг роҳ уфтад ва он сарзаминҳо тақсим ва ишғол шаванд.
XS
SM
MD
LG