Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ялла" Тоҷикистонро дӯст медорад


Хиромон: Гурӯҳи "Ялла"-ро дар саросари ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ мешиносанд, таронаҳои маъруфи ин даста "Шаҳрисабз", "Чойхона", "Учқудуқ" то ҳол аз маҳбубтарин таронаҳои мардумӣ боқӣ мондаанд. Фаррух Зокиров, овозхони аслии дастаи "Ялла" имрӯзҳо дар Тошканд шасти камоли худро таҷлил мегирад. Ман бо ӯ телефонӣ дар тамос шудам ва нахустин саволам ин буд, ки оё дар ин синни муборак варо чӣ эҳсосе фаро гирифтааст?

Фаррух Зокиров: Беҳтарин! Ман хеле хуб ҳастам ба он маънӣ, ки қалбам месарояд, ва ман хеле шодам.

Хиромон: Шумо бахшида ба зодрузи худ таронаи навро эҷод кардед?

Фаррух Зокиров: Бале. Ин тарона "Ҷавониву бахти ман" ном дорад. Ин таронаест дар бораи ҷавонии комёри ман, дар бораи ин ки ман солҳои хеле хуши зиндагиро пушти сар кардам. Ин тарона дар бораи зодгоҳи ман, дар бораи хонаи падарии ман аст.

Хиромон: Шумо воқеан ҳам аз зиндагии худ розӣ ҳастед?

Фаррух Зокиров:Агар ҳаёти дубора насибам мешуд, ман фикр мекунам айнан ҳамин роҳро тай мекардам. Ман аз Худованди карим барои чунин як тақдире, ки дорам, ташаккур мекунам. Албатта, зиндагӣ чандон ҳамвор нест, як рахи сиёҳ дорад, як рахи сафед. Аслан гуноҳ мешавад, агар аз зиндагиам шикоят кунам. Фикр мекунам, сарвати аслии ман ин аст, ки марудми азизи ман, ҳамватанонам маро эътироф кунанд. Агар шуморо халқи худатон эътироф накунад, намешавад оид ба эътимоди мардум сӯҳбат кард. Ман аз унвонҳои ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Қароқалпоқистон ва алббата Узбакистон, ки дорам, ифтихор мекунам.

Хиромон: Фаррух, лутфан, дар бораи хонаводаатон маълумоте чанд диҳед

Фаррух Зокиров:Ман ҳанӯз соҳиби набера нашудаам, аммо Худо хоҳад, ба наздикӣ бобо мешавам. Ман ду писар дорам, якеаш муҳассил асту дигараш кор мекунад.

Хиромон: Писарҳо роҳи шуморо идома доданд?

Фаррух Зокиров:"На, на, Худоро шукр, ки на.

Хиромон: Чаро на?

Фаррух Зокиров:Ин роҳи хеле сахт аст. Замоне падарам ба мо гуфта буд: "Чаро нафаре аз шумо одами дуруст нашудед - муҳандис, масалан, ё духтур?". Мо он вақт мафҳуми ин ҳарфҳоро намефаҳмидем. Аммо акнун худам ҳам дарк мекунам, ки ҷодаи ҳунармандӣ пур аз шебу фароз аст. Падарам мегуфт, агар хоҳӣ, ки ҳунарманд шавӣ, бояд пешво бошӣ, бояд пешқадамтар аз дигарон бошӣ. Манзури падарам ин буд, ки агар дар сафи пеш набошӣ, беҳтар аст аз ин роҳ баргардӣ. Ман ҳам ин ақидаро пуштибонӣ мекунам

Хиромон: Ба ҳар ҳол, Фаррух, оё ҳастанд чизҳое, ки бо гузашти вақт шуморо имрӯз афсурда ва ё пушаймон кардаанд?

Фаррух Зокиров:Пеш аз ҳама шояд ин масъала бошад, ки ман таҳсили нокофӣ доштам. Аз он мутаассифам, ки ман улуми мусиқиву таърихро хеле кам омухтам. Ман таърихи миллии мардумамро дар назар дорам, ки аз он иттилои кофӣ надорам.


Хиромон: Фаррух, шумо дар Тоҷикистон мухлиси хеле зиёд доред. Аслан вақте сӯҳбат аз Тоҷикистон мешавад, пеш аз ҳама дар чӣ бора фикр мекунед?

Фаррух Зокиров:Қабл аз ҳама ин як масъулияти бузург аст. Ман аз ҳунари хеле хоксоронаи худ шукр мекунам, ки имрӯз бубинед, маро бо чунин як тӯҳфаи хеле гаронқадр тақдир мекунад. Муҳаббатти мардум як сарвати бебаҳост, ки бар ивази чизе ба даст оварданаш маҳол аст.

Хиромон: Оё ҳастанд эҷодкорони тоҷике, ки шумо ҳунари онҳоро меписандед?

Фаррух Зокиров:Албатта, ман ба ҳунари бародарам Ҷӯрабек Муродов эҳтиром қоил ҳастам. Мо мулоқоти зиёд доштем ва ӯву бародари марҳуми ман Ботир Зокиров дӯстони наздик буданд. Ҷӯрабек Набиев дӯсти дигари ман аст, ман ба тӯйи арӯсии писарам ӯро даъват карда будам. Орифшоҳ Орифов, раҳбари дастаи ҳунарии "Гулшан", раққосаи мумтоз Зебо Аминзода, худи гуруҳи рақсии "Зебо", ки ман бо онҳо дар консертҳои зиёд дар Русияву Олмон, дар Тоҷикистон ҳамкорӣ кардаам. Мағфират Ҳамроқулова, овозхони хеле хуб аст ва ман пинҳонӣ ошиқи ӯ ҳастам...

Хиромон: Ӯ дар Амрико ба сар мебарад, Фаррух...

Фаррух Зокиров:...Бале, ман огаҳ ҳастам. Ӯ як зани хеле зебост. Сайрам Исоева ҳунарманди синамову театр - мо бо вай дар филми "Найрангҳои Майсара" ҳамкорӣ доштем. Ва ҳоло мехоҳам боз аз як раққосаи хеле хуби балет ёд кунам, ки бо мо робитаи хешу таборӣ дорад. Шодравон додарзодаи ман домоди Сталина Азаматова буд.

Хиромон: Фаррух, шумо ният надоред, ки дар Тоҷикистон консертҳои нав гузоред?

Фаррух Зокиров: Мехоҳем, бале, хеле зиёд мехоҳем ки дар Тоҷикистон консерт монем. Ҳоло барномаи нави консертиро таҳия дорем. Чанд кушиши қааблии мо бенатиҷа анҷом ёфт. Мушкилоте дар ташкили ин консертҳо пеш омада буд.

Хиромон: Пас шумо дар ҳайати пешинаи дастаи "Ялла" ба Тоҷикистон меравед?

Фаррух Зокиров: Бале, дар ҳамон ҳайъат. Аз аввалин ҳайъати "Ялла" танҳо ман мондам, яъне ба унвони раҳбари ин даста. Ва баъдан дар соли 1979 мо ҳайъати навро ташкил кардем ва тамошобинони тоҷик маҳз ҳамин ҳайъатро бояд дар хотир дошта бошанд. Мо бо ҳамин даста кор мекунем, ба сафарҳои ҳунарӣ меравем. Имсол дастаи мо 36-сола шуд. Дар тамоми ин муддат мо ба таври собит кор кардем, тарона эҷод кардем. Ҳарчанд ман дар муддати 3 ё 4 сол дар мақоми вазири фарҳанги Узбакистон ҳам кор кардам, аммо бо ин вуҷуд аз эҷоди мусиқиву шеър даст накашидам.

Хиромон: Фаррух, имрӯзҳо нафарони зиёд ба шумо таманниёти мухталифро орзу мекунанд. Аммо худатон оё барои худ чӣ орзу мекунед?

Фаррух Зокиров: Барои худам орзу дорам ҳаёти эҷодиамро идома бидиҳам. Ман бо суруд зиндаам ва то умри ман боқист, ман эҷод хоҳам кард. Модоме ки таронаҳои маро гӯш мекунанд, барои ман аз ин бахти бузургтар буда наметавонад. Орзу дорам, ки боз ба қуллаҳои баландтари ҳунариву эҷодӣ бирасам.

Хиромон: Ва бо орзуи ин ки шуморо дар Тоҷикистон бубинем, изҳори сипос мекунам, Фаррух.

Фаррух Зокиров: Ташаккур, барои тамоми кулли мухлисону ҳаводорони мо дар Тоҷикистон аз Узбакистон саломи гарму ҷӯшон мерасонам.
XS
SM
MD
LG