Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ларзаҳои бозори нафт


НАРХИ ШИКАНАНДАИ НАФТ ДАР БОЗОРИ ҶАҲОНӢ

Бисёри таҳлилгарон афзоиши таниш бар сари фаъолиятҳои ғанисозии ураниуми Эрон ва матраҳ шудани эҳтимоли аз иқдоми низомӣ кор гирифтани Амрико дар муқобили Теҳронро як иллати аслии болоравии нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ медонанд.

Ба оташи бозори нафт чанд изҳороти пайиҳами раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ҳам равғани бештар рехт, ки мегуфт, нархи нафт хеле пойинтар аз қимати воқеияш ҳаст ва бояд боло биравад. Оқои Аҳмадинажод рӯзи ҷумъа афзоиши нархи нафт як иттифоқи ба гуфтаи вай хеле хуб номид ва гуфт, умедвор аст, ки нархи нафт ба қимати воқеъияш баробар хоҳад шуд.

Раймонд Карбон, як даллоли бозори энержӣ мегӯяд, дар сурати пайдо нашудани як роҳи мусолиматомези ҳалли баҳси ҳастаии Эрон ва оддӣ нашудани вазъи дар маҷмӯъ Ховари Миёна нархи нафт метавонад боз ҳам биафзояд: "Агар дар ҷабҳаи Эрон, ё дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, ё дар маҷмӯъ дар минтақа чизе рух диҳад, мо шоҳиди боз ҳам боло рафтани нархи нафт хоҳем шуд. Албатта, агар қарорҳои мусолиматомезе дар робита ба барномаи ғанисозии ҳастаӣ, мушкили Исроилу Фаластин агар пайдо шавад ва ин ҳама масоил бо роҳҳои осоишта ҳаллуфасл шаванд, таъминоти бозори нафт ба сурати оддиаш баргашта нархҳо ҳам пойин хоҳанд рафт."

Эдмунд Давкору, вазири нафти кишвари нафтхези африқоии Найҷерия ва раиси давраии ОПЕК, созмони кишварҳои содиркунандаи нафт, низ мегӯяд, агар сӯҳбатҳо дар бораи эҳтимоли иқдоми низомӣ алайҳи барномаҳои ҳастаии Эрон бас шаванд, нархи нафт коҳиш хоҳад ёфт. Эдмунд Давкору зимнан таниши байни Исроилу Фаластиниҳоро низ як моҳи дигари ташаннуҷ дар бозорҳои энержӣ шудааст. Зимнан хушунатҳои низомӣ дар худи Найҷерия ҳам тавлидоти рӯзонаи нафт дар ин кишварро 25 дарсад ё беш аз ним миллион бушка коҳиш додааст.

ТОҶИКИСТОН ҲАНӮЗ АФЗОИШИ НАРХИ НАФТРО ЭҲСОС НАКАРДААСТ

Арзиши маводи сӯхт ва фаровардаҳои нафтӣ дар бозорҳои маҳаллии Тоҷикистон ҳамоно бетағйир боқӣ мондааст. Имрӯз дар бензинфурӯшиҳои шаҳри Душанбе, қиммати ҳар литр бензини навъи А- 98 2 сомониву 10 дирам, бензини навъи А-96 1 сомониву 90 дирам ва бензини навъи 76 1 сомониву 80 дирам аст. Нархи як литри маводи сухти дизелӣ ва ё солярка ҳам дар фурӯшгоҳҳои сӯхти кишвар 1 сомониву 90 дирамро ташкил мекунад. Ва қиммати ҳар маводи сӯхтгирии микробасҳои мусофирбар 18 сомонӣ аст.

Яъне болоравии қиммати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба арзиши маводи сӯхт дар Тоҷикистон то ҳол таъсир нарасондааст. Одина Одинаев, муттахасиси вазорати иқтисод ва савдо тағир наёфтани нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистонро чунин шарҳ дод: «Алҳол чунин тамоюл ба назар намерасад, чунки маҳсулоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон танҳо аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон ворид карда мешавад, ки ҳиссаи нафтӣ онҳо дар бозори ҷаҳонӣ ниҳоят кам аст. »

Бо вуҷуди он ки арзиши фаровардаҳои нафтӣ тайи чанд муддати ахир дар Тоҷикистон бетағйир боқӣ мондааст, нархи роҳқирои нақлиётҳои мусофирбари ин кишвар аллакай ҳафтаи дуввум аст, ки бамаротиб боло рафта, мусофиронро нигарон ва норозӣ кардааст. Ёдовар мешавем, ки тибқи як қарори шаҳрдории Душанбе ва ба хотири то андозае беҳтар кардани вазъи ногувори хадамоти мусофирбарӣ шурӯъ аз таърихи 10 апрел нархи нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла микробасҳои дохилишаҳрӣ ва автобус 40 дирам муқаррар шуд, ки қаблан маршрутка 30 ва автобус 20 дирам нарх дошт. Роҳкиро барои троллейбус 30 дирам, ки қаблан 10 дирам будааст. Арзиши билетҳои моҳона барои донишҷӯён 12 сомонӣ ва барои истифодаи ҳамагонӣ 19 сомонӣ муқаррар шуд.

Ба гуфти аксари мусофирон, нархномаи ҷадиди нақлиётҳои мусофирбар дар муқоиса бо он маоше, ки мегиранд хеле гарон аст. Гулчеҳра ном зане, ки омӯзгор аст ва 70 сомонӣ маош мегирад, мегӯяд, бештари маоши худро акнун дар роҳкиро сарф хоҳад кард: «Ман муаллима кор мекунам ва аз маршрутка зиёд истифода мебарам, маошҳои моро ҳарчанд 40 дар сад зиёд карда бошанд ҳам, лекин ба нарху навои маршрутка баробар шуда наметавонад. Шахсан маоши ман хеле кам аст, аққалан ба чунин одамоне, ки музди корашон кам аст, барои истифодабарии нақлиёт ягон имтиёз дода мешуд.»

Дар ҳамин маврид бо як ронандаи микробас сӯҳбат доштам, ки мегуфт, аз боло рафтани нархи роҳкиро барои онҳо манфиате қариб ҳосил нашуд, чунки арзиши қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ ба думбол боло рафтааст: «Мо нақлиётӣ давлатием, ба маблағи 48 сомон ҳар рӯз мо бояд пардохт кунем, 18 сомонӣ дигар нархи газ аст, барои ҳамин ман бояд ҳар рӯз қариб 70 сомонӣ кор кунам, то ки барои худам ҳам ягон фоидае бимонад. Ҳоло бошад даромади софам дар як рӯз танҳо 5-10 сомон аст. »

Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин коршиноси соҳаи иқтисод Одина Одниев мегӯяд, афзоиши нархи маводи сузишворӣ дар ҷаҳон дар ояндаи наздик Тоҷикистонро ҳам таҳдид мекунад, ки таъсираш бештар ба иқтисодиёт хоҳад буд: «Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як бунбасти иқтисодӣ қарор гирифтааст ва танҳо тавассути роҳҳои заминӣ тамоми молу маҳсулот кашонида мешавад, аз ин нуқтаи назар баланд шудани нархи сузишворӣ ба болоравии нархи ҳама маҳсулотҳо оварда мерасонад. »

Тибқи иттилоъи вазорати иқтисод ва савдо, Тоҷикистон ҳамасола ба беш аз 600 ҳазор тонна маводи сӯхт ва фаровардаҳои нафтӣ эҳтиёҷ дорад, аммо ҳар сол ба ин кишвар танҳо ҳудудан 350 ҳазор тонна чунин маҳсулот ворид мешавад. Дар ҳамин ҳол тавлиди фаровардаҳои нафтӣ дар дохили Тоҷикистон танҳо 10 дарсади талаботро қонеъ мекардаасту бас.
XS
SM
MD
LG