Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуллоҷонов куҷост?


Интишори ин феҳрасти асомӣ дар ҳолест, ки ду рӯз пеш дар охирин ҷаласаи Шӯрои вузарои кишварҳои муштаракулманофеъ дар Душанбе ба низомнома дар бораи тартиби ягонаи таъқиби афрод тағйирот ворид карда шуд. Ҳумдин Шарифов, вазири дохилаи Тоҷикистон, ки эъломияи ниҳоии нишасти шӯрои вузарои дохилаи кишварҳои муштаракулманофеъро қироат мекард, аз ҷумла гуфт: "Тасвиби низомнома дар бораи тартиби ягонаи ҷустуҷӯи байнидавлатии афрод як чизи барои ҳамаи кишварҳои мо муҳим буда, пеш аз ҳама марбут аст ба масоили ҷустуҷӯи ҷинояткорон, шаҳрвандони ғайбзада, ҷасадҳое, ки шиносоӣ нашудаанд, ва аъзои гурӯҳҳои созмонёфтаи фаромиллии ҷиноӣ. Ин ҳама аз мо як бархӯрди ҳамсонро ба ҳалли ин масоил тақозо мекард."

Рашид Нургалиев, вазири дохилаи Русия гуфт, ҳадаф аз вуруди тағйирот ба низомномаи пешин, ки соли 2002 таҳия ва тасвиб шуда буд, мутобиқати бештар он бо муқаррароти қонунгузории кишварҳои муштаракулманофеъ аст ва аз ҷумла акнун ба рӯйхати афроди таҳти таъқиб исми онҳоеро ҳам мешавад даровард, ки аз иҷрои қарорҳои додгоҳҳои молӣ сарпечӣ мекунанд. Ба мисли Ҷамила Ниёзова, хоҳари Ҷамшед Сиёев, муассиси ширкати мӯҳрафурӯшии "Ҷамол & Co", ки исми ӯ низ дар рӯйхати нашркардаи "Азия Плюс" омадааст, ва ба эътиқоди мақомоти Душанбе, ин тиҷорати мӯҳрафурӯшӣ ба сари даҳҳо ҳазор сармоягузор кӯлоҳ гузоштааст.
Аммо Додоҷони Атовулло, сардабири нашрияи Чароғи Рӯз, чопи Маскав, беш аз пеш фаъол шудани мақомоти Душанбе дар роҳи таъқиби мухолифини фирориашро бо интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ рабт медиҳад ва мегӯяд: "Ин рӯйхате, ки ба ном гӯё ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад чанд нафареро, ки берун аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, дастгир кунад ва ба Тоҷикистон баргардонад, як кӯшиши тарс додани мардум аст, ки ҳушёр бошед, шумо дар кҷое ки набошед, мо метавонем шуморо дастгир кунем ва ба Тоҷикистон баргардонем. Маъракаи интихобот дар Тоҷикистон, ба фикри ман сар шуд ва дар кофтукоб эълон кардани масалан шахсиятҳое мисли Абдумалик Абдуллоҷонов, Маҳмуд Худойбердиев ва дигарон ин ҳам як иқдоми пешазинтихоботист. Масалан, Раҳмонов ҳамеша дар чеҳраи Абдуллоҷонов як ҳарифи ҷиддиро мебинад ва шояд барои ҳамин пешакӣ эълон мекунад, ки дар Тоҷикистон барои ту ҷой нест ва агар нияте дар робита ба интихобот дошта бошӣ, бояд фаромӯшаш кунӣ."

Ва каме аз омор. Ба ҳисоби вазири дохилаи Русия, танҳо ин кишвар 362 нафарро бо тақозои кишварҳои муштаракулманофеъ дар қаламраваш дастгир ва ба зодгоҳашон мустарид кардааст.Кишварҳои муштаракулманофеъ ба навбаи худ 263 нафарро бо тақозои Маскав боздошт кардаанд. Ва вазорати дохилаи Тоҷикистон шумори мардумеро, ки феълан дар маърази таъқиби байналмилалӣ гузоштааст, беш аз 2000 нафар мегӯяд.
XS
SM
MD
LG