Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ мизони даромади мардуми Тоҷикистонро "паст" донистааст


Vbhpjb Cfkbvgeh

Бонки Ҷаҳонӣ даромади солона ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон дар соли 2004-ро 280 доллар ҳисоб карда, ин кишварро дар радифи кишварҳои мизони даромади мардумаш паст ворид кардааст.Бар асоси меъёри Бонки Ҷаҳонӣ, агар мизони солонаи даромад ба ҳар сари мардум камтар аз 825 доллар бошад, сатҳи даромади мардуми он кишвар паст дониста мешавад.

Дар воқеъ, Тоҷикистон бо чунин мизони даромад ба ҳар сари мардум фақиртарин кишвари шӯравии собиқ будааст, чунки Бонки Ҷаҳонӣ, масалан ин нишондиҳандаро дар ду соли пеш барои Қирғизистон 400 доллар, барои Узбакистон 450 ва дар Қазоқистон 2250 доллар ҳисоб кардааст. Ин рақам дар соли 2004 дар Русия, бино ба омори Бонки Ҷаҳонӣ, 3400 доллар ва сатҳи миёнаи даромад ба сари мардум дар ҷаҳон 6329 доллар, яъне 23 баробар бештар аз Тоҷикистон будааст.
XS
SM
MD
LG