Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони дифоъи Созмони Шонгҳай


Вазирони дифоъи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳай ин ҳафта дар Пекин масъалаҳои мубориза бо терроризм ва тундгароии мазҳабӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ хоҳанд кард. Рӯзномаи "The People Daily", чопи Пекин хабар додааст, ки ин ҷаласа таҳти раёсати вазири дифоъи Чин Чайо Гангчжуан ва зери унвони "Роҳҳои таҳкими амнияти минтақавӣ" ҷараён хоҳад ёфт. Хабаргузории Синхуа менависад, дар нишаст вазирони дифоъи Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.
Созмони ҳамкориҳои Шонгҳай дар соли 1996 барои ҳалли ихтилофоти марзӣ миёни Чин ва Русияву Тоҷикистону Қазоқистону Қирғизистон таъсис ёфта, бо ҳалли ин масъала ба як ниҳоди минтақавӣ табдил ёфт. Ӯзбакистон дар соли 2001 ба узвияти он пазируфта шуд ва ҳоло Эрон, Ҳиндустон, Муғулистон ва Покистон, ки дар он мақоми нозирро доранд, мехоҳанд узвияти доимӣ касб кунанд.
Бархе аз нозирон бар инанд, ки созмони мазкур вазифаи повазнро дар муқобили таъсири афзояндаи Иёлоти Муттаҳида дар минтақа иҷро мекунад. Дар доираи ин созмон Чин кӯмакҳои худро ба давлатҳои Осиёи Марказӣ афзоиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG