Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Кличко камари беҳтарин муштзани ҷаҳонро бозпас гирифт


Муштзани украинӣ Владимир Кличкои 30 сола дар шаҳри Манҳейми Олмон Крис Бирди амрикоиро мағлуб намуда, қаҳрамони Иттиҳодияи байналмилалии бокс (IBF) дар байни варзишгарони вазнинтарин шуд. Довар дар раунд ё худ бахши ҳафтуми мусобиқа,ҷангро мутаваққиф намуда, Кличкоро пирӯз эълон кард. Қабл аз он Кличко бо зарбаҳои нишонрас ду дафъа Бирдро аз пой афтонда буд. Бори аввал Кличко Бирдро дар соли 2000-ум ноком карда, камари беҳтарин муштзани Иттиҳодияи ҷаҳонии бокс (WBO)-ро ба даст оварда буд. Соли 2003-ум Владимир Кличко дар қуваозмоӣ бо Корӣ Сандерс аз Африқои Ҷанубӣ ноком шуда камари қаҳрамони ҷаҳонро аз даст дода буд. Вале Бирд Эвандер Ҳолифилдро мағлуб намуда, ба гирифтани камари қаҳрамон муваффақ шуд.
Шореҳон мегӯянд, Кличко бартарии қаду вазнро истифода бурд. Қади ӯ ду метр ва вазнаш 109 килограмм аст. Қади Бирди 35 сола бошад, як метру ҳаштоду як сантиметр ва вазнаш 97 килограмм аст.
Кличко 46 дафъа рӯи ринг баромада 43 дафъа пирӯз шудааст. Бародари Владимир Кличко Виталий Кличко камари беҳтарин муштзани ҷаҳон дар Шӯрои ҷаҳонии бокс (WBC)-ро касб карда буд, вале соли гузашта варзишро хотима бахшид.
XS
SM
MD
LG