Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷорҷ Буш: Ташкили ҳукумати нави Ироқ ба таҳкими амнияти Амрико ҳам кӯмак мерасонад


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш кӯшиши ташкили ҳукумати нави эътилофии Ироқро хуш пазироӣ намудааст.
Зимни суханронӣ дар шаҳри Сакраментои аёлати Калифорния Ҷорҷ Буш пешбарии номзади нав ба курсии сарвазири Ироқро рӯйдоди таърихие унвон дод, ки амнияти Амрикоро таҳким мебахшад. Раисҷумҳури ИМА илова кард: "Пешвоёни ироқӣ дар мавриди раҳбарони ҳукумати ваҳдати миллӣ мувофиқат ҳосил карданд. Мувофиқат аз он шаҳодат медиҳад, ки дар байни гурӯҳҳои мухталифи ироқӣ созишу ҳамдилӣ пайдо шуд. Ин ҳодиса баъди музокироти чандмоҳаи сабурона ба вуқӯъ пайваст. Он иродаи мардуми Ироқро, ки ба воситаи овоздиҳӣ пешвоёни миллаташонро интихоб кардааанд, нишон медиҳад. Ин дастоварди таърихии ироқиҳо амнияти Амрикоро ҳам таҳким мебахшад."

Рӯзи шанбе президенти Ироқ Ҷалоли Талабонӣ аз Ҷавод Маликӣ дархост намуд, ҳукумати ваҳдати миллиро ташкил диҳад, ки дар он ҳизбҳои шиъа, суннӣ ва курдҳои ироқӣ ширкат дошта бошанд. Ин иқдом бояд бунбасти сиёсии чормоҳа дар масъалаи раҳбари нави ҳукумати Ироқро аз байн барад.
XS
SM
MD
LG