Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурдаро ба зудӣ дар Душанбе ҳам ҷарроҳӣ хоҳанд кард


Абумуслим Темуров, муовини аввали вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт, ахиран ҳамкории пизишкони тоҷик бо мутахассисони хориҷӣ дар ҷарроҳӣ ва иваз кардани гурда, густариш ёфтааст. Вай афзуд: "Чанде пеш як гурӯҳ духтурон аз маркази табобатии «Мелод»и Эрон омаданд ва як гурӯҳ духтурони соҳаи гурда ва санги гурда ба онҷо рафтанд ва тибқи созишномаи миёни мо ҳоло корҳо рафта истодаанд ва қарор аст ҷарроҳӣ ва иваз кардани гурдаро дар Тоҷикистон ба роҳ монем."

Ба маълумоти Маркази ҷумҳуриявии урология, феълан дар чанд соли ахир, бемории гурда ва санги гурда дар кишвар, хеле зиёд ба чашм мерасад. Исматулло Нусратуллоев, сардухтури ин ба радиои Озодӣ гуфт, феълан беш аз 200 нафар аз гирифторони бемории гурда дар марказии мазбур ба қайд гирита шудаанд: ки бахши аъзами эшон ба иваз кардани гурда ниёз доранд: вале дар кишвар чунин имконият мавҷуд нест.

Заррина Каримова, як сокини Душанбе гуфт, вай беш аз 5 сол аст, ки аз дарди гурда ранҷ мебарад. Пизишкон иваз кардани гурдаашро маслиҳат додаанд. Аммо Заррина мегӯяд, бино ба шароити номусоиди беморхонаҳои кишвар аз ҷарроҳӣ худдорӣ мекунад: "Як дугонаи ман рафта, дар кишвари Чин гурдаҳояшро иваз кард, ҳоло саломатиаш хуб аст, аммо ман барои дар хориҷа иваз кардани гурдаам пул надорам. Хуб мешуд, агар дар ҳамин кишвари худамон чунин имкон даст медод."

Тибқи маълумоти маркази ҷумҳуриявии урология ё бемориҳои гурда, феълан теъдоди мубталоёни ин беморӣ ба беш аз 2000 расидааст. Аксари чунин беморон сокинони вилояти Хатлон мебошанд. Якуним ҳазор нафари онҳо ба иваз кардани гурдаҳояшон ниёз доштаанд.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG