Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти муҳоҷирони саргардон


Зокир Вазиров, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар се моҳи соли равон, бо ибтикор ва пуштибонии молии ҳукумати Тоҷикистон, беш аз 400 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишвар, баргашт. Вай афзуд, инҳо афроде мебошанд,ки бо хоҳиши худ ва бе ҳеҷ касбу ҳунар, 8 - 10 сол пеш, бо мақсади дарёфти пул ба Русия рафта буданд, аммо ҷойи кор наёфта ва ҳатто бархе аз онҳо бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳамроҳ шуда, бе ҷойи зист ва кор, оворагардӣ мекарданд. "Ин одамон на ҷойи кор, на зист ва на пул,ҳеҷ чиз надоранд оворагардӣ карда гаштаанд,ҳатто дар ҷанозаи падару модарашон омада наметавонистанд, зеро роҳкиро надоштанд. Ҳамчунин дар ҳамин 3 моҳи соли равон, мо беш аз 9 000 шаҳрвандонамонро аз "спетсприёмник"-ҳо озод кардем."

Дар ҳамин ҳол як сокини ноҳияи Рудакӣ, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, вай 25 сол дорад, аммо ҳеҷ як маълумот ё касберо аз худ накардааст. Се сол пеш ба Русия рафт, аммо ҷойи кори мувофиқе, ки тавассути он тавонад маблағе ба даст оварда барои хонаводааш фиристад, пайдо карда натавонист. Вай мегӯяд маҷбур шуд, сангинтарин кори сиёҳро ба ивази маблағи ночиз ба гардан гирад.

Зокир Вазиров мегӯяд, феълан давраи қонунисозии муҳоҷирон шурӯъ шудааст ва ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия, тибқи созишнома мехоҳанд, ин мушкилҳоро ҳал кунанд.
Як муҳоҷири собиқи дигар мегӯяд: "Ман се сол пеш ба Русия рафтам, ягон кор пайдо карда натавонистам, бисёр азоб кашидам. Ҳоло моро баргардонданд. Мехоҳам ягон касбу ҳунар омӯзам ва боз ба Русия равам. Чунки дар ин ҷо ҳам ман коре пайдо карда наметавонам, ки маоши хуб дошта бошад. Хонаводаамон калон аст, илоҷи дигар нест."

Ба маълумоти Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, бо пуштибонии ҳукумати кишвар, дар назди вазорати мазбур, бахшҳои кӯтоҳмуддати касбҳои мухталиф, аз қабили ронандаи техникаи сохтмон ва кишоварзӣ, устои барқ, челонгар ва кафшергар, таъсис ёфтаанд. Бино ба омори ғарирасмӣ, феълан дар қаламрави Русия наздик ба 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик ба сар мебарад. Аз ин миён 10 дар садро занон ташкил мекунанд.
XS
SM
MD
LG