Пайвандҳои дастрасӣ

Медиафоруми Алмато


Медиа Форум ва ё Анҷумани расонаии Авруосиё дар Алмато тайи се рӯз бо ширкати чеҳраҳои саршиноси ҷаҳони журнализм масъалаҳои гуногунеро баррасӣ мекунад. Дастури кори ин маҳфил метавонад, барои бисёре аз журналистон ҷолиби диққат бошад. Чунончи, таъсиси шароити нави технолоҷӣ, дахолати сиёсӣ ва воқеъияти молию тиҷоратӣ ба вазъи нашароти оммавӣ. Ва ё ин мавзӯъ, расонаҳои ахбори умум василаи ваҳдати мардум ва ё ҳуққабозӣ бо афкори умум? Чандфарҳангӣ, миллатгароӣ, муҳоҷират ва масъулияти матбуот. Дуроҳаи миёни танз ва таҳқир. Хулоса, мавзӯъҳо аҷибанд ва номи ширкаткунандагон хоҳишеро ба миён меорад, ки кас бишнавад, онҳо чӣ назар доранд. Огоҳиномаи мавзӯъҳо гӯё ба он равона шудааст, ки дар чунин фазо ва таҳти чунин шароит чигуна расонаҳои ахбори ом метавонанд, комёб шаванд. Аммо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Алмато, Насибҷони Амонӣ, ки ду рӯз аст, дар ин анҷуман ширкат дорад, мегӯяд, дар он мавзӯъҳои сиёсии умумиҷаҳонӣ бартарӣ доранд ва ин ҳол сабаби шикояти журналистони минтақа шудааст.
Ахборе, ки аз ҷараёни Медиафорум мерасад, баёнгари он аст, ки мавзӯъҳои журналистӣ дар он ё камтар баррасӣ мешаванд ва ё садои камтар доранд. Вале оё Анҷумани Алмато ба фарҳангу назария ва ҳунару ҳирфаи журналистӣ дар Осиёи Марказӣ чӣ таъсире дорад? Ба ҳар ҳол панҷ сол аст, ҳар сол Дариға Назарбоева беҳтарин афродро аз сартосари олам дар як толор гирди ҳам меорад, то баҳсу мунозира кунанд. Едигей Магаюн, муовини раиси бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд:
"Ин форум бори панҷум аст, ки дар Алмато ҷараён мегирад, аммо дар бораи таъсири он ба вазъи матбуот дар минтақа чизе гуфтан намешавад. Зеро дар он асосан масъалаҳои ҷаҳонӣ баррасӣ мешаванд, дар ҳоле ки журналистони минтақа ташнаи баррасии масъалаҳои худи минтақа ҳастанд. Вақте ки панҷ сол пеш анҷуман бори аввал баргузор шуд, мушкилоти матбуоти минтақа, ба вижа Қазоқистон, баррасӣ шуд. Аммо баъдаш кӯшиш фақат ба ин аст, ки мавзӯъҳои ҷаҳонӣ баррасӣ шаванд. Чунончи, имрӯз барномаи ҳаставии Эрон ё шӯриши ҷавонон дар Фаронса дар маркази баҳс буданд. Ба ин сабаб, ба фикри аксари журналистони Қазоқистон, ин анҷуман бештар ба намоиши як нафар, сиёсатшинос Дариға Назарбоева табдил ёфтааст."
Албатта, андешаи дигаре низ ҳаст, ки ин нуктаро то ҷое рад мекунад. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди ин ширкати журналистони тоҷик дар анҷуман, мулоқоти онҳо бо ҳамкасбон аз кишварҳои гуногун ба таҳкими робитаҳо ва омӯзиши бештар сабаб мешаванд. Вай мегӯяд, журналистон усулан сафарро дӯст медоранд ва одамони кунҷкованд.
XS
SM
MD
LG